Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси Ҷиноӣ боз таҳрир мешавад



Абдуқайюми Қайюмзод



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба парлумони кишвараш пешниҳод кард, ҷазоҳои сахти Кодекси Ҷиноиро нисбат ба занон ва ноболиғон сабуктар кунанд. Махсусан дар ҳоле ки агар аз ҷониби ин қишрҳои аҳолӣ ҷиноятҳои ночиз ва ё на чандон вазнин содир шуда бошанд.

Ба гуфтаи сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Саидов маҷмӯъи тағйиру иловаҳои президент ба кодески ҷиноӣ рӯзи 22 октябр ба парлумон фиристода шуд. Моҳи июни имсол қонунгузорони Тоҷикистон, бо пешниҳоди президент Раҳмонов, ҳукми қатлро нисбати занон аз Кодески Ҷиноӣ лағв карданд. Онҳо ҳамчунин шумораи ҷиноятҳоеро, ки бо ин ҳукм муҷозот мешаванд, ихтисор намуда, аз 15 ба 5 поин оварданд.

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG