Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фасодкории мансабдорон баррасӣ шуд



Мирзонабии Холиқзод



"Бедорсозии виҷдони ҳукуматдорон дар муқобили коррупсия" - унвони семинари дуруза дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки бо пуштибонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва созмони байналмиллалии "Транспаренси Интернешнл" 22 октябр оғоз шуд. Дар ҷараёни ин нишаст аслан намояндагони васоити ахбори дохилӣ ва хориҷй даъват шуда буданд.

Дар семинар ду намоянда аз созмони "Транспаренси Интернешнл" Ҷеф Ловвит ва Стаен Кристиансе ва аз Тоҷикистон раиси Ҳизби Сотсиал- Демократ" ҳуқуқшинос Раҳматулло Зоиров дар бораи усул ва роҳҳои таъсиргузорӣ ба виҷдони мансабдорон гузориш доданд.

Ба қавли намояндаи созмони "Транспаренси Интернешнл" Стаен Кристиансен гуфт, таҷрибаи 10 солаи созмони мазкур нишон медиҳад, ки ягона роҳи таъсигузорӣ ба виҷдони мансабдорон инъикоси кушоди фасодкорӣ ва мавҷудияти фасод дар идораҳои давлати дар саҳифаҳои рузномаҳо ва дар барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ кишвар мебошад.

Ба қавли у, дар кишваҳои дар ҳоли гузор ва ба корупсия ру ба ру бояд матбуот озодона фаъолият кунад. Аммо ҳуқуқшинос Раҳматулло Зоиров мегуяд, журналистони тоҷик дар ин роҳ бояд ба инъикоси ду шакли маъмул ва густардаи коррупсия дар идораҳои давлатӣ ва мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунанд: "Якум ба коррупсияи ҳуқуқӣ. Яъне бар асоси пора гирифтан, қабул кардани кадом ягон қарор ба манфиати ришвадеҳ. Дуюм, коррупсияи маъмурӣ, ки системаи бюрократие аст, ки бар ивази пора кори кадомеро ба зудӣ анҷом додан аст. Ин ду навъи коррупсия давлати моро қариб пурра фаро гирифтааст."

Аммо рузноманигорони тоҷик мегуянд, сабаби камтаваҷҷӯҳии журналистон ба мавзӯи коррупсия ин аст, ки ин масъалаи аз мавзуҳои хатарнок дар ҷомеа ба шумор меравад, ки агар факту далел дақиқ бошад ҳам таҳдид ба амнияти шахсии рузноманигор ҳатман вуҷуд дорад. Сардабири рузномаи мустақили "Рузи Нав" Раҷаби Мирзо дар робита ба ин масъала мегуяд: "Хатар ба ҷони журналист дар ҷомеае, ки аз ҳад зиёд фасодкор аст, ниҳоят зиёд мебошад. Ва журналисте, ки ба ин кор даст мезанад, маълум нест, ки аз тарафи кӣ кушта мешавад."

Илова ба ин рузноманигорони тоҷик мегуянд, дар масъалаи инъикоси фасод ва коррупсия дар идораҳои давлатӣ як мушкил вуҷуд дорад. Ва он ҳам ин ки мақомоти давлатӣ намехоҳанд, дар ин мавзуъ рақаму далел ба намояндагони матбуот фароҳам оранд. Ҳатто мақомоти интизомӣ дар ин хусус намехоҳанд, бо журналистон суҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG