Пайвандҳои дастрасӣ

Бемории домана дар Душанбе хуруҷ кардааст



Абдуқайюми Қайюмзод



Бар асоси омори расмӣ, танҳо дар ду ҳафтаи ахир дар шаҳри Душанбе наздики шашсад нафар гирифтори бемории домана шудааст. Зиёвиддин Афғонов - муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон - иллати хуруҷи ин беморӣ дар пойтахтро боришоти ахир ва ба думболи он касиф шудани дарёи Варзоб - манбаи аслии таъминоти оби шаҳри Душанбе арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай, оби дарёи Варзоб бидуни полоиш ва риоят нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ мавриди истифодаи аҳолӣ қарор мегирад. Оқои Афғонов мегӯяд, ҳамасола дар ҳамин айём дар пайи боришоти нахустини тирамоҳӣ ва сарозер шудани партов ба ин дарё бемории домана авҷ мегирад.

Вай ҳамчунин гуфт, вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари домана 489 гурӯҳи пизишкӣ бо ширкати ҳазор табиб ташкил ва барои баррасии авзоъ дар манотиқ ва расонидани кӯмакҳои лозим сафарбар кардааст.

Гуфта мешавад, бемории домана дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ хуруҷ кардааст. Ҳарчанд масъулони беҳдоштии Тоҷикистон теъдоди мубталоён ба бемории доманаро 1190 нафар эълом карданд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба пинҳон доштани омор дар бемористонҳо, ҷобаҷо кардани гирифторони домана дар дигар беморхонаҳо ва ташкили гурӯҳҳои вижаи пизишкӣ ба маротиб зиёд будани беморони домана аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин бо ҳадафи зери назар гирифтани хуруҷи бемории домана, аз таърихи 16 октябр дар Тоҷикистон як ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG