Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғуломов:"Ягон хел мусоҳиба надиҳед."



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири кишвар рӯзи шанбеи 18 октябр, дар ҷаласаи ситоди ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дарҳои бархе аз сарчашмаҳои иттилоъотиро ба рӯи хабаргузориҳо расман баст.

Ҷаноби Ғуломов аз масъулини тамоми сохторҳои давлатӣ даъват кард, ки ҳадди аққал тӯли 2-3 соли ахир аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кунанд: "Дар оянда, то ҳамон замоне ки, аз ҳамаи ҳамин ҷо нишастагон хоҳиш мекунам, ки то замоне, ки мо дар ҳамин давоми ду се сол ҳамин шаҳри Кӯлобро пурра об қатӣ таъмин намекунем, ягон хел интервю, ягон хел баромадҳо нашавад".

Асадулло Ғуломов тасмими худро роҷеъ ба сиёсати дарҳои пӯшида ингуна шарҳ дод: "Ман зиёни ин хела корҳоро дар он мебинам, ки дар интернет мегиранд, мебароянду аз ҳисоби гранти Япония барои обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо карда шуда истодааст, менависанд. Моро барои обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб чоруним миллион доллар даркор. Мо ҳам баромадем, ки моро инвестор даркор барои ҳамин кора амалӣ кардан. Вайҳо мегӯянд, мебахшед, мана мақола баромадааст, ки шуморо Япония кӯмак мерасонад ва дигар ҳоҷати ба шумо маблағ ҷудо карданҳо нест."

Ҷаноби Ғуломов мегӯяд, мақолаҳои бархе аз хабарнигорони маҳаллӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ чоп шудаанд, ба иқтсодиёти шаҳр зиён овардаанд. Бино ба иттилоъи муовини сарвазир, мақолаи Турко Дикаев - хабарнигори маҳаллии "Азия плйус", ки дар шабакаи Интернет дарҷ гардид, як лоиҳаи беш аз 4 миллион доллараи ҳукуматиро, бесарпараст гузошт: "Миллионҳоро аз даст додан даркор нест. Фаҳмидед."

Ва аммо Турко Дикаев мегӯяд, дар мақола далел овардааст, ки созмони ғайриҳукуматии "Умед" бо кӯмаки молии сафорати Ҷопон, ҳудуди 75.000 доллари амрикоӣ 4 кӯча ва беш аз 10.000 сокини Кӯлобро бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, то ҳамин замон ҳам дарҳои аксари сарчашмаҳои хабарӣ ба рӯи журналистон баста будаанд ва пас аз тасмими муовини сарвазири кишвар роҷеъ ба худдорӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон, Кӯлоб метавонад, то соли 2005, ё худ то таҷлили 2700 солагӣ пурра ба як шаҳри ба истилоҳ пӯшида ва махфӣ табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG