Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ҳаққи СММ-ро насупурдааст



Салими Аюбзод



Маҷмаъи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистонро огоҳ кард, ки ҳаққулузвияти худро супорад, аммо кишварро аз ҳаққи овоз дар СММ маҳрум накард. Тоҷикистон дар як саф бо Гвинея-Биссау, Гурҷистон, Бурундӣ, Ҷазираҳои Комор, Молдова, Сомалӣ ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз зумраи қарздорони СММ шумурда шуд.

Бо вуҷуди он ки СММ Тоҷикистонро аз ҳаққи овоз маҳрум накард, дар Маҷмаъи Умумӣ гуфта шуд, ки кишварҳои узв барои аз ҷазо раҳоӣ ёфтан, бояд то 30-юми июни соли 2004 ҳадди ақалли саҳми худро бипардозанд. Саҳми Тоҷикистон дар будҷаи СММ 0,001 дар садро ташкил медиҳад. Барои қиёс саҳми Русия ба 1,2, Чин ба 1,5 ва Иёлоти Муттаҳида ба 22,0 дарсад баробаранд.

XS
SM
MD
LG