Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёӣ ба деҳқонон кумак мерасонад



Раҳматкарими Давлат



Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, ки дар ихтиёри Тоҷикистон як кумаки 900 ҳазордолларӣ қарор диҳад. Тасмим дар бораи додани ин воситаи пулии 910 ҳазордолларӣ ба Тоҷикистон, дар нишасти ахири Шурои мудирони Бонки Осиёии Рушд иттихоз шудааст. Ин малбағ қарор аст, ба мақсади таҳияи Барномаи мусоидат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати пардохти қарзҳои онҳо масраф шавад.

Масъалаи пардохти қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ахиран ба як масъали мубрам барои иқтисоди ин кишвар табдил шудааст. Бино ба маълумоти расмӣ, танҳо дар соли гузашта муассисаҳои кишоварзӣ ва пахтакории Тоҷикистон ҳудуди 120 миллион доллар қарздор шудаанд. Зиёда аз ин бисёре аз муассисаҳои кишоварзӣ ва фермерӣ аз бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ дар солҳои гузашта вом гирифта ва то кунун бо гузашти замони бозпардохти ин қарзҳо, натавонистаанд қарзҳои худро пардохт намоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари ин муассисаҳо аз деҳқонон ва иҷоракорон низ қарздор мебошанд. Ин масъала ахиран дар як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон низ баррасӣ ва барои муассисаҳои кишоварзӣ ё колхозу совхозҳои пешин як сол муҳлат таъйин шудааст, то битавонанд, қарзҳои худро пардохт намоянд.

Аммо ба назари иқтисодшиносон, дар ин замина кори мушахасе анҷом нашудааст ва имкон дорад, қарзи муассисаҳои кишоварзӣ бештар аз ин афзоиш пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG