Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари олирутбаи худсар зиндонӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи Низомии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии Содиқ Алиматов - фармондеҳи пешини Баталёни вокуниши сареъи бригадаи таъиноти махсуси вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро ба анҷом расонида ӯро ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Вайсиддин Фатҳиддинов - раиси Додгоҳи Низомии Тоҷикистон, ки таҳқиқоти парвандаи мазкурро ба поён бурдааст, гуфт Содиқ Алиматов барои авбошӣ ва сӯйистифода аз вазифа гунаҳгор дониста шудааст: "Бо ҳукми Коллегияи Ҳарбии Суди Олии Тоҷикистон дар содир кардани ду авбошӣ ва суистеъмол аз мансаби давлатӣ гунаҳкор дониста ва ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд."

Оқои Фатҳиддинов гуфт, ба иллати нокифоятии далоил дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳ як қисми иттиҳомот алайҳи Содиқ Алиматов барои тафтишоти такрорӣ ба Додситонии Низомӣ баргардонида шудааст. Аз ҷумла иттиҳомоти анҷоми амали сӯиқасд алайҳи сардори раёсати вазорати умури дохила, полковник Абдумаҷид Давлатов, роҳзанӣ ва ташкили посгоҳҳои ғайриқонунӣ дар хиёбонҳои Душанбе, ки лаҳзаҳои дигари парвандаи ҷиноии Содиқ Алиматов буданд, тасдиқи худро наёфтаанд.

Тибқи ҳукми додгоҳ, Содиқ Алиматов - фармондеҳи Баталёни вокуниши сареъи бригадаи таъиноти махсуси вазорати умури дохилаи кишвар аз рутбаи майори умури дохила маҳрум ва молу мулкаш мусодира гардид. Бар асоси ҳукми додгоҳ, вай 8 солро дар зиндони низомаш сангин мегузаронад.

Содиқ Алиматов аз сарбози оддии Фронти Халқии Тоҷикистон то ба дараҷаи фармондеҳии воҳиди низомии вазорати умури дохила расида, яке аз наздикони генерал Сӯҳроб Қосимов фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси вазорати умури дохилаи маҳсуб мешавад. Вайсиддин Фатҳиддинов - раиси Додгоҳи Низомии Тоҷикистон гуфт, ҳукми кунунии додгоҳ ниҳоӣ набуда, имкон дорад, пас аз муҳокимаи дубора дар пайи тафтишоти такрории додситонӣ тағйир ёбад.

XS
SM
MD
LG