Пайвандҳои дастрасӣ

Булёни Поён аз Қазоқистон ибрат мегирад



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Нархи гандуми маҳаллӣ дар бозорҳои ноҳияи ғаллакори Данғара низ боло рафтааст.

Болоравии нархи маҳсулоти орду ғалла аҳолии шаҳру навоҳии Хатлонро пешоруи тарсу ваҳми қаҳтиву гуруснагӣ ба суи бозорҳои Данғара, ноҳияи ғаллакори устон мекашад.

Сокинони вилоят аз бозорҳои Данғара гандумро бо кадом қиммате, ки дастрас шуд, харидорӣ мекунанд. Вале нархи гандум дар бозори марказии Данғара ҳам боло рафта, 45-50 дирам гардидааст. Ин дар ҳолест, ки қиммати гандум дар бозори марказии Қурғонтеппа 55-60 дирам аст. Дар бозори Кулоб як кило гандумро бо қиммати 50-55 дирам метавон харидорӣ кард.

Камбуди гандум дар устон зарурати ифтитоҳи бозорҳои худруи фуруши маҳсулоти ғалладонагиро дар ҳамин ноҳия ба миён овард. Қариб дар сар то сари Данғара хариду фуруши гандум дар ин гуна бозорҳо авҷ мегирад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамин ҳоло меҳмони яке аз ҳамин бозорҳост.

Бозори Булёни Поён, аз маркази устон - шаҳри Қурғонтеппа - 130 километр ва аз Кулоб 70 километр дур аст. Аммо аҳолии вилоят ҳар рузи ҷумъа ба ҳамин бозор мерезанд, то барои замистон гандум захира намоянд.

Ман низ бо як тоҷири қурғонтеппагӣ, ки худро Ҷамшед муаррифӣ кард, худро ба ин бозор мезанем, то гандуму нахуд ва ҷав харидорӣ намоем. Аммо ба мо гуфтанд: "Гандум 36 дирам аст, аммо мо инро харидорӣ кардем. Дигар гандум намондааст."

Ақрабаки соат ҳануз нуҳи субҳро нишон медиҳад ва маълум шуд, ки мо алакай мо харидории гандум бенасиб мондаем. Дар бозор дигар гандумфурушон нестанд. Тоннаҳои гандуме, ки пешоруи мо дар халтаҳо болои ҳам хобидаанд, аллакай харидорӣ шудаанд.

Аҳолии деҳаи Булён, ки ҳамакнун нақши фурушандаро мебозанд, дуртар аз майдони харидорон қарор доранд ва пулҳои худро ҳисоб мекунанд. Дар суҳбат онҳо гуфтанд, ки дар мавзеъ ягона пуле, ки фаъол аст ва қурбаш пайваста боло меравад, гандум будааст. Бо гандум дар Булён метавон ҳама корро анҷом дод ва ҳама чизро харидорӣ кард:

"Мо - халқи почаканда пул аз куҷо дорем? Пул нест. Ягона зиндагӣ ҳамин гандуму ҷав аст."

Дуртар аз майдони футбол, ки ҳоло ба як дукони бузурги фуруши гандум мубаддал шудааст, дар паҳлучуби дарвоза, саррофони маҳаллӣ ба истилоҳ дари дукони хариду фуруши долларро кушодаанд. Аммо қурбе, ки дар бозори Булён ҳаст, аз тамоми анвоъи қурби доллари амрикоӣ ва рубли русӣ фарқ дорад. Қурби арзи хориҷӣ дар ин ҷо баробар аст... ба чанд кило гандум:"Мо доллар мегирем, ва ҳамин молҳоямонро мефурушем. Инҳо пули тоҷикӣ надоранд."

Харидорон мегуянд, дар навоҳие, ки онҳо ба сар мебаранд, на танҳо гандум нест, балки бозорҳоро ҳам бастаанд, ки раванд ба мушкили мардум мушкили нав замм мекунад: "Мо аз Восеъ омадем. Дар Восеъ бозорҳоро барои пахтачинӣ бастанд. Маҷбурем, ки омадем, маърака дорем."

Аммо харидорони бештари бозори Булён сокинони мавзеъи Қурғонтеппаанд, ки ба ҳар мусоҳиб бо шубҳа менигаранд ва аз сари халтаҳои умеди худ, яъне гандуму ҷав дур намешаванд.

Дар ин бозор точирони афғон ҳам равуо доранд: "Ман аз Бағлонам. Аз Бағлонам, оқо, бале."

Ва аммо ин тоҷири афғон мегуяд, ки қаблан аз Хатлон ба Афғонистон гандуму орд мебурдааст, аммо имруз нархи ин маҳсулот дар Тоҷикистон хеле боло рафтааст ва дигар у аз тиҷорати маҳсулоти ғалладона даст бардоштанист.

XS
SM
MD
LG