Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Палатаи тиҷорат бо ҷанҷол поён ёфт



Абдуқайюми Қайюмзод



Камол Сӯфиев - раиси собиқи Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҷараёни Анҷумани чаҳоруми ин палатаро, ки рӯзи 16 октябр таҳти раисии Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири кишвар баргузор гардид, ғайриқонунӣ хонд.

Оқои Сӯфиев, ки дар ин анҷуман аз вазифаи раиси Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон барканор гардид, гуфт, мақомоти кишвар тавассути вазирон ва роҳбарони корхонаҷот вакилони анҷуманро таҳти фишор қарор дода ва аз тариқи зӯроварӣ нафари дигарро ба ҷойи вай интихоб карданд: "Ин анҷуман чӣ дар давраи аввал ва чӣ дар давраи дуюм ин поймоли ҳуқуқи вакилон ва инчунин ҳамчун шаҳрванд ба шахсият ва иззати нафси ман расидан ва тамоман ғайридемократӣ буд."

Оқои Сӯфиев гуфт, Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон як иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатӣ буда, тибқи ойинномааш ҷаласа ва анҷуманҳояшро таври мустақил ва бо ширкати вакилонаш доир мекунад. Ва давлат танҳо дар мавориди изтирорӣ метавонад, ба фаъолияти он мудохила кунад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG