Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду узви "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро дастгир карданд



Бахши тоҷикӣ



Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду шаҳрванди дигарро бо айбномаи узвият дар созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" ба ҳабс гирифтанд. Намояндаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории "Итар Тасс" гуфтааст, ин ду шаҳрванд дар вилояти Суғд ҳангоми паҳн кардани шабномаҳои "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт шудаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, аз аввали сол бо айбномаи узвият дар ин гурӯҳи пинҳонкор ва ё ҳамкорӣ бо он 50 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Тибқи хабари дигар, дар шаҳри Новосибирск рӯзи 16 октябр муҳокимаи гурӯҳи скинхед ва ё сартарошидаҳои рус оғоз шуд. Нӯҳ нафари аз 17 то 22-сола дар қатли шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирони корӣ, айбдор мешаванд. Онҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд. Муҳокима паси дарҳои баста ҷараён мегирад ва ба намояндагони матбуот иҷозаи ширкатро дар он надоданд.

XS
SM
MD
LG