Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун дар бораи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ қабул шуд



Абдуқайюми Қайюмзод

Намояндагони мардумӣ умедворанд, ки ин санад заминаи қонуние барои рушди иқтисод мешавад.

Рузи шонздаҳуми октябр Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон "Қонун дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ"-ро қабул кард.

Раҷабалӣ Тӯронов - муовини вазири иқтисоду тиҷорати кишвар ҳангоми шарҳи бандҳои қонуни мазкур гуфт, ин як қонуни бунёдӣ буда, барномаҳоро дар иртибот бо дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамаҷониба ба танзим медарорад. Ва пас аз касби истиқлолияти Тоҷикистон барои бори аввал аст, ки як чунин қонун қабул мешавад: "Мавҷудияти чунин санади меъёрӣ дар ҷумҳурӣ барои тамоми вазорату идораҳо ва минтақаҳо ҳамчун асоси қонунгузорӣ, ки таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок ва инчунин барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро ба низом меорад, зарур аст."

Мурод Худоиев - узви Кумитаи иқтисоду буҷа ва андози Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонуни нав стратегияи иқтисодии кишвар ва ҳамзамон буҷаи давлатиро, ки бар асоси фуруши ашёои хом муайян ва таъмин мешуд, дучори тағйирот хоҳад кард.

Оқои Худоиев афзуд, тибқи Барномаи давлатии коҳиши фақр солона бар музди моҳонаи кормандони соҳаи буҷавӣ ва афроди бознишаста 25 дар сад афзуда хоҳад шуд. Аз ин хотир танҳо ба фурӯши ашёи хоми кишвар, пахта ва алюминий, новобаста аз он ки қимати он дар бозор дигар мешавад, ё на такя кардан нодуруст хоҳад буд: "Мо бояд сохтори содироти худро тағйир диҳем. Яъне аз содироти ашёи хому дигар чиз ба моли тайёр гузарем. Тавоногиҳои иқтисодии Тоҷикистон танҳо фақат 30 дар сад кор мекунад, дигараш кор намекунад. Бинобар қонуне, ки қабул кардем, барои таъмин намудани рушди иқтисодии мамлакат ҳамчун як пояи ҳуқуқӣ ва ташкилӣ мешавад."

Мурод Худоиев - узви Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин гуфт, аз соли 1998 сатҳи иқтисодии кишвар тамоюл ба болоравӣ дорад, аммо дар мавриди устувории иқтисодиёт сухан кардан ҳанӯз бармаҳал мебошад. Оқои Худоиев илова кард, ки бо истифода аз сармояи хориҷӣ ба бисёр бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба вижа дар соҳаи энержӣ, роҳ ва кишоварзии кишвар маблағгузориҳо сурат гирифтааст. Аммо то ҳол аз сармояҳои хориҷии истифодашуда ҳеҷ гуна баҳрабардорӣ ба амал наомадааст. Ҳарчанд имкон дошт, ин сармояҳо дар бахшҳое масраф мешуданд, ки тайи ин муддат боздеҳи онҳоро амалан эҳсос мекардем.

Ба эътиқоди оқои Худоиев, қабули қонуни мазкур, ки аз 12 банд иборат мебошад, чунин бебандубориҳоро барҳам зада, заминаи ҳамагуна барнома ва қонунҳои соҳавиро дар мавриди инкишофи иҷтимоиву иқтисодии кишвар танзим хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG