Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонӣ:"Нашрияҳои Хатлон гунаҳкоранд."



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



"Дар Хатлон қонунҳои кишвар оид ба матбуот ва табъу нашр аз сӯи сардабирони газетаҳои ҳукуматӣ риоя намешаванд." Ин хулосаи додситонии вилояти Хатлон аст. Додситонӣ мегӯяд, бархе аз газетаҳо бо сӯйистифода аз вазъи бӯҳронӣ, тӯли солҳо теъдоди нашр, ҷойи чоп ва ба ин тартиб даромади худро аз мақомоти дахлдор пинҳон кардаанд.

Роҷеъ ба мавзӯъ Варқа Зайниддинов - сухангӯи додситонии вилояти Хатлон мегӯяд: "Масалан дар рӯзномаи ноҳивии "Ба пеш"-и Хоҷамастон ва дар рӯзномаи ноҳиявии "Ҳақиқати Колхозобод" дар бархе аз шумораҳои ба табърасидаи онҳо дар шашмоҳаи соли 2003 адади нашр ва суроғаи рӯзнома, ҷойи чоп, теъдоди нашр нишон дода намешавад, ки ин албатта хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон оид ба матбуот ва оид ба табъу нашр ҳастанд."

Дар Хатлон 29 газетаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бо шумули се газетаи ҳукумати вилоят чоп мешаванд. Ҳамзамон дар вилоят 8 газетаи соҳавӣ ва ғайридавлатӣ интишор меёбад. Теъдоди чопхонаҳо 23 адад аст.

Додситонӣ мегӯяд, дар аксари маврид газетаҳои ҳукуматӣ ва соҳавӣ дар саҳифаҳои худ нишонии редаксия ва ҷои чопро нишон намедиҳанд ва худро ҳамчун як нашрияи ғайриқонунӣ муаррифӣ мекунанд. Зеро тибқи қонун дар бораи матубот ва табъу нашр ҳамаи газетаву маҷаллаҳо бояд ҳатмӣ нишонӣ, ҷойи чоп ва теъдоди нашрашонро дар саҳифаҳои худ нишон диҳанд.

Додситонӣ мегӯяд, роҷеъ ба мушкили мавҷуда, то ҳол парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, аммо пиромуни қонуншикании бархе аз сардабирони газетаҳо, додситонии Хатлон ба вазорати фарҳанги кишвар расман муроҷиат кардааст.

XS
SM
MD
LG