Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ билохира дар Кулоб ҷойи пой пайдо кард



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рузи вуқуъи анҷумани Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Кулобро санаи воқеъии истиқрори сулҳи Тоҷикистон номид.

Рузи 11 октябр конфаронси муассисони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Кулоб баргузор гардид. Вуқуъи ин анҷуманро раиси ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ санаи воқеии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон номид. Ба гуфтаи ҷаноби Нурӣ, аз соли 1997 инҷониб расман ба қайд нагирифтани ҳизб дар минтақаи Кулоб мурооти протоколи сулҳи комили тоҷиконро зери суол қарор медод.

Гуфта мешавад, тули 6 соли сАбти расмии номи ҲНИТ дар кишвар масъулини ҳизб дар минтақаи Кулоб се дафъа кушиши баргузории конфаронси таъсисотӣ намуданд, аммо бенатиҷа: ҳама кушишҳои ҳизб дар Кулоб бо нокомӣ меанҷомид. Масъулин бо ин баҳона, ки баргузории конфаронс ба худи аъзои ҲНИТ хатар эҷод мекунад, аз маҷлиси таъсисотии ҳизб дар минтақа ҷилавгир мешуданд.

Ҳуронбӣ Восиева, муовини раиси ҳукумати шаҳри Кулоб мегуяд, ҳукумат дар мавриди баргузории конфронси мазкур монеъа нагузоштааст, балки воқеан ҳам масъулин вақту соати мусоидро интизор будаанд, ки ин амал норизоии ҲНИТ-ро ба бор меовард: "Ман ҳамон Ҳуронбӣ Восиева ҳастам, ки ҳамавақт саҳифаҳои газетаи "Наҷот"-ро оро медиҳам ва ягон шуморае нест, ки дар он танқиди мо - кормандони ҳукумати шаҳри Кулоб - нагузарад, орӣ аз он ки мо вазъи кунунии ҷомеъаро ба назар гирифта, ба рафиқон фаҳмониданӣ мешудем, ки ҳоло дар шаҳр созмон додани чунин як ҳизб маънӣ надошт. Мақсад аз ин гуфтаҳо танҳо оромиву тинҷии вазъ буд."

Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар маърузаи худ ба аъзои маҳаллии ҳизб гуфт, ҳамакнун замоне расидааст, ки онҳо худро на ҳамчун мулло, балки чун чеҳраҳои сиёсӣ муаррифӣ намоянд: "Онҳое, ки масъулияти муллоӣ доранд, онҳо дар масҷиданд. Онҳо барои худ қонуну қоида доранд ва рузаву намозе, ки мегиранд, он ҷо ҳастанд. Яъне ҲНИТ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ баробар аст дар тамоми ҳуқуқ ва салоҳиятҳо бо Ҳизби Халқӣ-Демократӣ (ҲХДТ), Ҳизби Коммунист, Ҳизби Демократ ва дигар ҳизбҳои фоъил. Тамоми ҳуқуқ ва салоҳиятҳоеро, ки намояндагони ҲХДТ доранд, намояндагони ҲНИТ ҳам доранд."

Божидар Димитров, сарвари дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар минтақаи Кулоб баргузории конфаронси муассисони ҲНИТ-ро дар Кулоб фоли нек номид ва гуфт: "Конфаронсе, ки баргузор гардид, кори дохилии ҳукумат аст. САҲА танҳо аз ин раванд дар шаҳр назорат мебурд. Ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хеле олӣ гузашт."

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суҳбати хосе бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баргузории ҳамин конфаронсро на танҳо ҲНИТ, балки аксарияти кулли мамолики зомини сулҳи тоҷикон ҳам интизор будаанд ва ин маҷлис сари ҳама баҳсҳо оид ба истиқрори сулҳи бебозгашти тоҷикон нуқта гузошт: "Дар ҳақиқат, вақте ки мо дар дохили кишвар мулоқот мекунем, бо намояндагони хориҷӣ, аз он ки конфронсҳо дар навоҳии Кулоб нагузаштааст, аз ҳамин нисбати сулҳи мо шубҳанок мешуданд. Ҳамчунин дар хориҷ баҳсҳои зиёд ҳам баргузор мешуд ва онҳо аз ин чизҳо хабар доштанд ва бо як шубҳа нигаҳ мекарданд. Аз тарафи дигар ман худам ҳам каме дар ташвиш будам, ки кор буд, аммо ҳамкорӣ набуд. Вале имруз қонун пеш аз ҳама риоя шуд, ақлу хиради мардум боз ҳам боло омад ва ин конфаронсро конфаронси як ҳизб не, балки конфаронси сулҳ метавон номид."

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, ҳамакнун фаъолияти расмии ҲНИТ дар 4 марҳала: мароҳили ташкилӣ, ташаккул, сиёсат ва ислоҳот дар минтақаи Кулоб роҳандозӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG