Пайвандҳои дастрасӣ

Экстремизм чист ва ифротгаро кист?



Мирзонабии Холиқзод

Кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон ба баррасии пешнависи қонуни экстремизм пардохтаанд.



Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси Намояндагон рузи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои нахустин бор дар байни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон тарҳи қонуни мубориза бо экстремизмро омода намуд. Рузи сешанбе тарҳи ин қонун дар маърази муҳокимаи кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон қарор дода шуд.

Муаллифи пешнависи ин қонун Шавкат Исмоилов дар бораи зарурати таҳияи он гуфт: "Тоҷикистон мехоҳад таърифи эхтремизмро дақиқ ва ҳолатҳои онро муайян карда, ҷазоҳо барои амали эхтремистиро маълум кунад".

Ба назари оқои Исмоилов, дар ҳоли ҳозир тарҳи ин қонун дар муҳокимаи кумитаҳост ва нусхаи ниҳоии пешнависи он дар рузҳои наздик омода мешавад, вале ҳамаи кумитаҳо ва ҷониби ҳукумат ба ин мувофиқ ҳастанд, ки ҳар чӣ зудтар дар Тоҷикистон қонуни эхтремизм қабул шавад.

Аммо коршиносони масоили сиёсӣ мегуянд, то кунун дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон меъёри мушаххаси эхтремизм тарҳрезӣ нашудааст ва имкон дорад ҳукуматҳо ин гуна қонунҳоро ба фоидаи сиёсии худ дуруст карда, ҳар навъ эътироз ё мухолифати сиёсиро дар ҷомиа ба унвони эхтремизм шарҳ диҳанд ва бо ин роҳ ҳаракатҳои озодихоҳиро дар кишварҳои худ манъ кунанд.

Аммо коршиноси тоҷик Сайфулло Сафаров мегуяд, ба ҳар ҳол, баррасии қонуни эхтремизм дар Тоҷикистон заминаи қонунии мубориза алайҳи ифротгароиро муҳайё месозад.

Ба иттилоъи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, қонуни ифротгароӣ аз 20 модда ва 8 фасл иборат буда, имкон дорад, ки он дар яке аз иҷлосияҳои ояндаи ин маҷлис барои қабул ба муҳокимаи намояндагони мардум пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG