Пайвандҳои дастрасӣ

Дару даҳонҳои баста (матн)



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Чаро хабарнигорон дар Хатлон таъқиб мешаванд?

Вазъи озодии матбуот дар бархе аз навоҳии вилояти Хатлон то ҳол нигаронкунанда аст. Дар бархе навоҳӣ ҳатто фуруши нашрияҳо маҳдуд аст. Як рузномафуруши кучагӣ, ки номашро наовард, гуфт, дар чанд ноҳияи устони Хатлон масъулин ҳатто аз фуруши ҳафтаномаи "Наҷот" - ургони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва нашрияи навтаъсиси "Рузи Нав" ҷилавгирӣ мекунанд.

Аз ҷониби дигар, таъқибу таҳдиди журналистон дар Хатлон ба чашм мехурад. Як намунаи бозгуи ҳоли бади журналистони озоду мустақил аз ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Восеъ таҳқиромез берун кардани кормандони телевизиони "Мавҷи Озод" гардид, ки дастандаркори ин амал раиси ноҳия Каримҷон Фақиров будааст.

Хоҷа Назриев, сармуҳаррири "Мавҷи Озод" мегуяд, ки аз ҷаласаи ҳукумат, ки ба мавзуъи маориф ва ислоҳоти ин соҳа ихтисос ёфта буд, раиси ноҳия ду бор журналистонро пеш кард: "Маҷлиси машваратии августии муаллимони ноҳияи Восеъ буд ва вақте, ки раиси маорифи ноҳия гуфт, ки агар куртаи кудаконро бадар карда бинед, қабурғаҳои онҳо менамояд. Вақте ҳамин гапро гуфт, Карим Фақиров, раиси ноҳия, ба мудири шуъбаи идеологӣ Суҳроб Табаров ишора кард, ки оператори "Мавҷи Озод"-ро гуед, ки наворбардорӣ накунад."

Билол Шамсов, наворбардори "Мавҷи Озод" гуфт, пас аз бори аввал берун кардани онҳо журналистон тавонистаанд раиси бахши идеологии ноҳияро мутмаин созанд, ки у амали ғайриқонунӣ кардааст ва дубора ба ҷаласа ҳозир шаванд: "Ман сабт карда истода будам, ки аз пас касе бо овози паст, ин садои Суҳроб Табаров буд, гуфт, ки "Шуморо дар берун интизоранд." Ман берун баромадам, Табаров гуфт, ки о, Шумо навор гирифта истодаед, дар ин ҷо муҳокимаи таҳлилии яксола рафта истодааст, мумкин нест, охир инро ба навор гирифтан." Баъд ман гашта даромадам ва дар ҷои наворгирӣ нишастам."

Аммо Хоҷа Назриев мегуяд, бори дуввум раиси ноҳия Каримҷон Фақиров журналистонро таҳқиромез пеш кард: "Карим Фақиров аз ҳамин чиз сар кард, ки телевизиони "Мавҷи Озод"-и шумо яктарафа аст. Ман аз ҷоям хестам ва ба оператори худ гуфтам, ки ҳамин суханҳоро ба навор гирад. Баъд раиси ноҳия ба ман бо даст ишора кард, ки аз толор бароем. Ҳамин хел дағалона, ишораи дастӣ, мисле ки ба як одами кучагӣ ҷавоб медиҳанд, гӯё мо ҳеч кас нестем!"

Рустам Буриев, раиси телевизиони "Мавҷи Озод" мегуяд, усулан аз ҳамин ҷаласа аҳли толор бо як овоз журналистонро пеш кардаанд, ки ин амал як намунаи ошкори поймолкунии ҳуқуқҳои журналистони маҳаллист, ки ба он масъулини маҳаллии ҳукумат даст задаанд. Рустам Буриев меафзояд, ин барои нахустин бор нест, ки журналистони уро ба ҷаласаҳо роҳ намедиҳанд: "Чунин ҳодиса ҷой дорад, ҳаст, шоҳидҳо ҳам ҳастанд. Журналистҳо худ ин чизҳоро гуфтанд. Сабаби ин рафтор ин аст, ки телевизиони мо фақат ҳақиқатро мегуяд ва, ба фикри ман, онҳо аз ҳамин метарсанд."

Рустам Буриев меафзояд, телевизиони мустақилро дар ноҳия масъулин ҳамчун оппозитсияи хеш муаррифӣ кардаанд ва дар роҳи фаъолияти он садд мегузоранд. "Мавҷи Озод" дар шароити хеле сангин ва фақри техникӣ арзи ҳастӣ дошта, аз оддитарин шароит маҳрум аст. Кор то ҷое расидааст, ки "Мавҷи Озод" ҳатто телефон надорад ва бо ягон ноҳияву шаҳри устон ё худ маркази кишвар дар тамос нест.

Рустам Буриев мегуяд: "Умуман алоқа бо ягон ҷо мо надорем, чунки телефон надорем."

Ахиран дар шаҳри Кулоб чанд шуъбаи хабаргузориҳои марказӣ ва умумиҷумҳуриявӣ сол ифтитоҳ ёфт, аммо ҳамзамон фишору таъқиби кормандони расонаҳои хабарии мустақил дар ин шаҳр ба назар мерасад.

Аслиддини Олиназар, хабарнигори оҷонсии "Вароруд" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини маҳаллӣ ва кормандони вазоратҳои қудратӣ ба журналистон имкон намедиҳанд, ки мавзуъҳои мухталифро пайгирӣ намоянд: "Хуб, сари як мавзуъе, ки ман пайгирӣ доштам, лозим омад, ки аз баъзе корхонаҳо, аз баъзе кормандони масъули ҳукумат мусоҳиба бигирам ва сари ин мавзуъ пайгирӣ доштам. Баъди ду рузи ин воқеа ба утоқи кориам намояндаи кумитаи амнияти миллӣ даромад ва худро полковник Шарипов муаррифӣ карда, таъкид бар он дошт дар охир, ки "бародар, пешниҳод мекунем, ки аз ин мавзуъ даст бикаш ва дар ин мавзуъ чизе нагу." Ҳол он ки тавре гуфтем, мо аз ин мавзуъ танҳо пайгирӣ доштем ва ҳатто ҷумлае руи коғаз ҳануз наоварда будам."

Вазъ дар мавзеъи шарқи устон, минтақаи Қурғонтеппа ҳам нигаронкунанда аст. То имруз таҳдидҳо ба журналист Давлати Шоҳэътибор, хабарнигори ҳафтавори "Чархи Гардун" идома дорад. У пас аз дарҷи як мақолаи интиқодӣ дар мавзуъи буҳрони шадиди саноати сабуки вилоят мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Давлати Шоҳэътибор пас аз шикояти расмӣ ба Иттиҳоди Журналистони вилояти Хатлон ва надидани пуштибонӣ аз суи он, дари худро ба руи ҳама баста, дигар бо касе дар ин хусус суҳбат кардан анмехоҳад.

Аммо Мухтор Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон мегуяд, дар як суҳбати вижа бо у Давлати Шоҳэътибор ҳама фишору таъқиби сараш омадаро таъйид кардааст. Аммо танҳо шифоҳӣ. Давлати Шоҳэътибор бо Радиои Озодӣ ҳам танҳо суҳбати шифоҳӣ дошт ва мегуфт, ки аз ифшои расмии рози худ дигар худдорӣ мекунад.

Пиромуни ҳаводиси сари Давлати Шоҳиътибор омада, Мухтор Боқизода мегуяд: "Боре барои мақолае, ки дар бораи рузгори коркунони милиса навишта буд, уро чунин таъқиб карда буданд. Вале он ба хайр анҷом ёфт. Ин таъқибе, ки кормандони фабрикаи ресандагӣ нисбат ба у карданд, то имруз идома дорад ва у худаш дар суҳбате, ки доштем, иброз дошт, ки намедонад, ин таъқиб то ба куҷо меанҷомида бошад."

Дар ҳамин ҳол, ягона телевизиони мустақили Қурғонтеппа дар тобистони соли ҷорӣ аз фаъолият бозмонд. Ҷамолиддин Сайфиддинов, сармуҳаррири ин шабака мегуяд, онҳоро расман, албатта, касе набастааст, аммо пас аз пахши як филми мустанади телевизионӣ перомуни мушкилоти муздурони тоҷик дар хориҷ ва дохили устон шаҳрдории Қурғонтеппа онҳоро ба "ифшои сирри давлатӣ" муттаҳам карда, барои 10 руз баста буд.

Баъдан ТВ "Қурғонтеппа" дубора боз гардид, аммо рузи 3 июли соли ҷорӣ кормандони вазорати алоқа ва шуъбаи молияи ҳукумат дари онҳоро боз куфтанд ва бо баҳонаҳои халал ворид кардани антеннаҳои ин шабака ба пахши мавҷи намоишҳои телевизионҳои Русия пахши барномаҳои онро муваққатан манъ карданд. Масъулини вазорат алоқа мегуянд, мавҷгирро барои таъмир фиристодаанд. Кормандони молия чанд номгуй техникаи замонавиии ин телевизионро мусодира карданд.

Ҷамолиддин Сайфиддинов мегуяд: "Дар рузи 3 июл намояндагони вазорати алоқа омада, акт карда буданд, ҳамин асбоби пахшкунандаро ва дар рузи дигар, ки омаданд, ҳамин асбобро то рузе, ки мо усто ёфта тармим накунем, муҳр зада бастанд. Боз аз молияи шаҳр ҳам намояндаҳо омада, ҳамон таҷҳизоте, ки дода буданд, баргашта гирифтанд. Онҳо як камера ва ду видеомагнитофонро гирифтанд ва гуфтанд, ки инҳоро раиси собиқи шаҳри Қурғонтеппа ғайриқонунӣ ба шумо додааст. Бе ин таҷҳизот ба эфир баромадани мо ғайриимкон буд."

Ва аммо Анзурат Ашурова, сухангуи раиси ҳукумати Хатлон мегуяд, дар қатъи барномаҳои ТВ "Қургонтеппа" танҳо худи кормандони он айбдоранд: "Шояд дар ин самт дахолати ҳукумати вилоят ва шаҳри Қурғонтеппаро бархе сабаби асосии басташавии ин телевизион донанд. Аммо ин тавр нест. Ман фикр мекунам, ки сабаб дигар ҷост. Чунки то ҷое, ки ман аз проблемаҳои дохилии ҳамин телевизион огаҳ ҳастам, гумон мекунам, хархашаҳое, ки ба қатъи фаъолияти он овардааст, аз худи дохили телевизион бархостааст."

Лозим ба ёдоварист, ки дар Хатлон танҳо ду телевизиони ғайридавлатӣ - "Мавҷи озод" ва ТВ "Қурғонтеппа" арзи ҳастӣ доранд, ки бо сабабҳои мухталиф пайваста дар маркази кашмакашҳо қарор гирифтаанд.

Гузориши садоӣ дар ин бора дар гушаи Архив.

XS
SM
MD
LG