Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор сарбоз зери девор ҳалок шуд



Тоҳири Сафар



Шаби 13 октябр чаҳор сарбози неруҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зери девори қалъаи куҳнаи шаҳри Хуҷанд монда ба ҳалокат расид.

Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли як корманди вазорати умури дохила навиштааст, қисми низомиеро, ки дар дохили қалъа буд, ба ҷойи дигар куч доданд ва чаҳор сарбози кушташуда онҳое буданд, ки амволи боқимондаи низомиро посбонӣ доштанд.

Борони зиёд девори куҳнаи қалъаро намнок гардонида буд ва ин девор ба руи хаймаи сарбозон фуру рехта, онҳоро зинда ба зинда зери хок кардааст.

XS
SM
MD
LG