Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайруллоев бо низомиёни олмонӣ мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон - рузи душанбе, 13 октябр, бо як ҳайъат аз вазорати дифоъи Олмон таҳти сарпарастии генерал Юрген Борнеман дидор ва масъалаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишварро барасӣ кардаанд.

Дар иттилоияи матбуотии Тоҷикистон гуфта шудааст, ҷониби Олмон талош дорад, ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистонро дар заминаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ тақвият бахшад ва ба ин манзур ҳайъати олмонӣ бо соири мақомоти марбутаи кишвари Тоҷикистон мулоқот ва руи масъала ва самтҳои ҳамкорӣ баҳсу табодули назар кардаст.

Юрген Боренман ба гуфтаи сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон, аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо тероризм ситоиш ва мавқеъи ин кишварро дар таъмини амнияти минтақа муҳим арзёбӣ кардааст. Зимни ин мулоқот инчунин авзои амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон дар чаҳорчуби барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ"-и Паймони Атлантики Шимолӣ ва инчунин ба таври хос авзои Афғонистон мавриди баррасӣ будааст.

Сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегуяд, Олмон қасд дорад, дар доираи барномаи таъмини амният дар Афғонистон сарбозони худро дар минтақаҳои шимолии ин кишвар дар вилоёти ҳаммарз бо Тоҷикистон мустақар кунад ва дар ин замина хостори ҳамкории Тоҷикистон шудааст.

Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш барои ҳамкорӣ бо Олмон дар заминаи таъмини амният дар Афғонистон ва минтақа омодааст. Аммо то кунун миёни ду кишвар ҳамкориҳои қобили мулоҳизае дар заминаи низомӣ ҷой надошта ва тамоми ҳамкориҳо дар ҳудуди кумакҳои андаки Олмон ба артиши Тоҷикистон маҳдуд будааст.

Рузи душанбе инчунин як ҳайъати дигар аз низомиёни Бритониё низ, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаи низомӣ надорад, бо вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот кардааст. Зимни ин мулоқот вазири дифоъ Тоҷикистон гуфтааст, самти авлавиятноки ҳамкориҳои мо бо Британия дар ҷиҳати табодули таҷриба ва маълумот роҷеъ ба терроризм ва гардиши маводи мухаддир, ширкат дар амалиётҳои таъмини сулҳ ва омузиши забони инглисӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG