Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон доираи истифодаи ҳукми қатл дар кишварро маҳдуд мекунад



Тоҳири Сафар

Хулосаи гузориши тозаи созмони Авфи Байналмиллал.

Созмони Авфи Байналмиллал мегуяд, ҳазорон марду зан дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мунтазири ҳукми қатли худ ҳастанд. Созмони мазкур бо изҳори ташвиш аз сарнавишти ин тоифаи мунтазири марг аз ҳукуматҳои он кишварҳо хостааст, ҳукми қатли онҳоро бекор намоянд.

Авфи байналмиллал, ки ҳадафаш аз байн бурдани ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон аст, нахуст дар бораи Эрон гуфтааст. Аз оғози сол то кунун дар ин кишвар 83 нафар ба марг маҳкум шудааст.

Авфи Байналмиллал аз кишвари дигари осиёӣ, Ҷопон гузориш додааст, ки дар ин ҷо 118 нафар соли равон ҷазои олӣ гирифтаанд. Тарзи иҷрои ҳукми 50 нафари онон ба поён расидааст ва ба гуфтаи созмони мазкур, имкон дорад, онҳоро ҳар замон қатл кунанд. Дар ин кишвар мегуяд Авфи Байналмиллал, баъзе маҳбусон солҳои тулонӣ мунтазири иҷрои ҳукм ҳастанд, ки интизории марг шиканҷаи руҳӣ барои инсон аст.

Авфи Байналмиллал мегуяд, Арабистони Саудӣ ҳукми қатлро фаровон истифода мекунад. Дар ин кишвар барои ҷиноятҳое, ки оқибатҳои вазнин надоранд ҷазои олӣ раво дида мешавад. Аз ҷумла барои ба истилоҳ ҷодугарӣ ва ҳамчунин нашъамандӣ, пазируфтани дини дигар ва зинокорӣ ҷазои қатл муқаррар шудааст. Мурофиаи маҳкумон дар ин кишвар ба гуфтаи созмон хилофи қавонини байналмиллалӣ, аз ҷумла паси дарҳои баста сурат мегиранд. Аз оғози сол то кунун дар ин кишвар ҳадди аққал 40 нафар ба марг маҳкум шудаанд.

Созмони Авфи Байналмиллал дар бораи ҳукми қатл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, аз соли 1990 инҷониб дар ин кишвар 700 зану мард қатл шудаанд, аз ҷумла 60 нафар дар соли равон.

Амнести Интернешнл Узбакистонро зери тозиёнаи шадиди танқид гирифта мегуяд, дар ин кишвар теъдоди зиёди маҳбусон баъди мурофиаҳои ношаффоф ва шиканҷаи зиёд ба қатл расонида шаванд. Хешовандони маҳкумон фақат пас аз чанд моҳ аз кори маъмурони интизомӣ огаҳ мешаванд. Онҳо танҳо хабари қатлро мешунаванд, дигар макони қатл ва дафни зиндониён ҳамчунон пинҳон дошта мешавад. Ба гуфтаи Авфи Байналмиллал, хешовандони марҳумон солҳои тулонӣ бо умед ҷойи дафни наздики худро меҷуянд. Созмон мегуяд, оморе дар бораи маҳкумшудагон ба марг дар Узбакистон надорад ва ҳукумат низ ин маълумотро пинҳон мекунад.

Авфи Байналмиллал мегуяд, Тоҷикистон доираи истифодаи ҷазои ҳукми қатлро маҳдуд мекунад. Созмон таввасути парлумон таҳрир шудани Кодекси Ҷиноиро ёдовар шудааст, ки ҳукми қатл барои занон, ҷавонони то 18 сола ва мардони 60 соларо аз байн бурд. Ҳамчунин шумораи ҷазоҳоеро, ки барояшон ҳукми қатл муқаррар шуда буд, аз 15 то 5 адад кам кард.

Аврупо минтақаи бидуни ҷазои қатл мегардад, мегуяд Амнести Интернешнл, зеро аз якуми июл Протоколи 13-уми Қатънома оид ба озодиҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи инсони Аврупо ба ҳукми иҷро даромад. Ин қатънома раво дидани тамоми анвои ҳукми қатлро дар саросари Аврупо манъ мекунад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Парлумони Аврупо аз Тоҷикистон низ даъват кардаанд, ки ҳукми қатлро бекор кунад. Амнести Интерненшл мегуяд Тоҷикистон соли гузашта эълон кард, ки 50 нафарро ба марг маҳкум кардааст ва аз ин ҳисоб ба гуфтаи созмони мазкур 28 нафар қатл шудаанд.

Амнести Интернешнл мегуяд, соли гузашта дар 31 кишвари дунё нисбати 1626 нафар ин ҷазои ғайриинсонӣ ва золимонаро раво дидаанд.

XS
SM
MD
LG