Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Наҳзат ба орзуи деринаи худ расид



Мирзонабии Холиқзод



Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ба баргузор кардани нахустин конфронси минтақавии худ дар шаҳри Кулоб мувафақ шуд. Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон - мегуяд, пас аз мухолифатҳои ҳукумати шаҳр ва ҳукуматҳои навоҳии минтақаи Кулоб дар мавриди баргузории конфронси Ҳизби Наҳзати Ислом дар ин минтақа баъд аз 6 соли истиқрори сулҳ дар кишвар ниҳоят Ҳизби Наҳзат 12 октябр имкон пайдо намуд, ки ҷаласаи худро дар ин ҷо баргузор кунад.

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, дар конфронси Ҳизби Наҳзати Ислом, ки бо ҳузури раиси он Саид Абдулоҳи Нурӣ сурат гирифт, намояндагони ҳукумати шаҳри Кулоб иштирок доштаанд. Бо ин Саид Абдулоҳи Нурӣ имкон пайдо намуд, ки дар навоҳии минтақаи Кулоб бахшҳои ҳизби худро расман ифтитоҳ кунад. То кунун Ҳизби Наҳзат ба истиснои Кулоб дар ҳамаи навоҳию шаҳри Тоҷикистон шуъбаҳо дошта ва бо ҳизби ҳоким Ҳизби Халқӣ-Демократӣ рақобат менамуд.

Ба қавли иштирокдорони конфронс Саид Абдулоҳи Нурӣ таъкид намудааст, ки бо анҷоми ин конфронс, Ҳизби Наҳзат ба унвони яке аз ҷонибҳои сулҳкунанда эълон медорад, ки хишти ниҳоии девори сулҳи Тоҷикистон гузошта шуд ва марҳилаи сулҳ ба поён расид.

Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, акнун аъзои ҳизби Наҳзати Ислом аз ҳисоби ҷонибдорони кулобӣ афзоиш хоҳад ёфт: "Мо тахминан дар 80 дар сади ноҳияҳои Тоҷикистон шӯъбаҳои худро дорем ва билохира метавон гуфт, ки ба истилоҳ минтақаи Кулоб низ фатҳ шуд ва ин рақамро болотар хоҳад бурд. Аъзои Ҳизби Наҳзат, ки корти ҳизбро доранд, зиёда аз 23 ҳазор нафаранд, вале мо бо назардошти он ки мо натавонистем, ҳамаи аъзои ҳизбро бо корт таъмин кунем, теъдоди онҳо ба 40 ҳазор нафар мерасад."

Ба қавли коршиносон, аз лиҳози нуфуз дар байни 6 ҳизби расмии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзат пас аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, ки раиси он президент Раҳмонов мебошад, дар ҷойи дуввум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG