Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъияти куриёгиҳо бе дафтар монд



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҳукумати ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ҷойгиршавии маркази Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистонро дар бинои маъмурии ин ҳукумат ғайриқонунӣ шуморида, дафтари ҷамъияти куриёгиҳоро аз ин бинои маъмурӣ иҷборан берун кардааст.

Виктор Ким - раиси Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистон гуфт, ҷамъияти онҳо аз соли 1990 инҷониб дар ҳамин бино фаъолият пеш мебурд. Вале масъулони ноҳияи Марказии пойтахт бидуни огоҳии қаблӣ дари дафтари маркази ҷамъияти онҳоро шикаста ба он мӯҳр задаанд.

Оқои Ким ин амали мақомоти ҳукумати ноҳияи Марказиро ғайриқонунӣ хонд ва гуфт: "Дар ин маврид ҳукумати ноҳияи Марказӣ моро ба таври хаттӣ дар ҷараён нагузошта буд. Берун кардани дафтари мо аз бинои мазкур, ки он ҷо тибқи қарордод иҷора гирифта будем, танҳо бар асоси мусаввабаи додгоҳ мумкин аст. Дар ин маврид ҳатто раводиди додситонӣ ғайриқонунист."

Аммо бар пояи иттиллоъи мақомоти Душанбе, шаҳрдорӣ қаблан чандин маротиба Ҷамъияти куриёгиҳоро дар хусуси холӣ кардани ин утоқ огоҳ кардааст.

Тафсилот дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG