Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистонро бе дафтари корӣ гузоштанд



Абдуқайюми Қайюмзод

Раиси ҷамъият Виктор Ким ин кори мақомоти давлатиро ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи башар хонд.

Ҳукумати ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ҷойгиршавии маркази Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистонро дар бинои маъмурии ин ҳукумат ғайриқонунӣ шуморида, дафтари ҷамъияти куриёгиҳоро аз ин бинои маъмурӣ иҷборан берун кардааст.

Виктор Ким - раиси Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистон гуфт, ҷамъияти онҳо аз соли 1990 инҷониб дар ҳамин бино фаъолият пеш мебурд. Вале масъулони ноҳияи Марказии пойтахт бидуни огоҳии қаблӣ дари дафтари маркази ҷамъияти онҳоро шикаста ба он мӯҳр задаанд.

Оқои Ким ин амали мақомоти ҳукумати ноҳияи Марказиро ғайриқонунӣ хонд ва гуфт: "Дар ин маврид ҳукумати ноҳияи Марказӣ моро ба таври хаттӣ дар ҷараён нагузошта буд. Берун кардани дафтари мо аз бинои мазкур, ки он ҷо тибқи қарордод иҷора гирифта будем, танҳо бар асоси мусаввабаи додгоҳ мумкин аст. Дар ин маврид ҳатто раводиди додситонӣ ғайриқонунист."

Аммо бар пояи иттиллоъи мақомоти Душанбе, шаҳрдорӣ қаблан чандин маротиба Ҷамъияти куриёгиҳоро дар хусуси холӣ кардани ин утоқ огоҳ кардааст. Ва дар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе аз июни соли ҷорӣ ҳузури ташкилотҳо созмонҳо ва ҳатто ниҳодҳои дигари давлатӣ дар бинои маъмурии ҳукуматҳои навоҳии шаҳр номумкин дониста шудааст.

Виктор Ким - раиси Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистон - гуфт, вай барои рӯшанӣ андохтан пиромуни ин қазия ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст. Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз намояндагони аққалиятҳои миллии Тоҷикистон субҳи рӯзи 13 октябр ба манзури баррасии масъалаи дафтари Ҷамъияти куриёгиҳо ба Кумитаи аққаллиятҳои миллии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.

Шарофиддин Имомов - мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нафаре аз аъзои гурӯҳи мазкур сӯҳбат кардааст. Оқои Имомов дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хидмати давлатӣ" ва "Дар бораи сирри давлатӣ" ҷойгирии созмони куриёгиҳо дар бинои ҳукуматӣ - аз имкон берун аст. Аммо ин қазия ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад: "Тибқи "Қонуни хидмати давлатӣ" ҳам мақомоти давлатӣ ва дастгоҳҳои онҳо, фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ғайри иттифоқҳои касаба роҳ дода намешавад. Раиси ноҳияи Марказӣ ваъда додааст, ки барои дар ҷойи дигар пайдо кардани дафтар ба Ҷамъияти куриёгиҳо мусоидат менамояд."

Аммо Виктор Ким шикастани дари қароргоҳи ҷамъияташро, ки аз соли 1990 ба ҳайси яке аз аққалияти кӯчаки миллии маскуни Тоҷикистон фаъолият дорад аз ҷониби масъулони ҳукумати ноҳияи Марказии Душанбе нақзи ҳукуқи башар меҳисобад.

Ҷамъияти куриёгиҳои Тоҷикистон 1700 нафар узв дорад. Ин ҷамъият аз соли 1996 аз замони таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки раисии онро президент Эмомалӣ Раҳмонов ба ӯҳда дорад, узви ин Шӯро мебошад.

XS
SM
MD
LG