Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кулоб ҳероину канабис ёфтаанд



Мирзои Салимпур



Дар ҷараёни як амалиёти вижаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи ин кишвар аз қочоқбарон беш аз 150 кило маводи мухаддир дарёфт шудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Кулоб маъмурони милиса аз як мошин, ки ба як сокини шаҳри Кулоб тааллуқ дошт, 77 кило ҳероин пайдо кардаанд. баъдан аз манзили у 1 автомати Калашников мусодира шуд. 4 нафар дар иртибот ба ин ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

Як мақом дар идораи милисаи ноҳияи Восеъ ба ношири ин хабар, ожонсии "Азия Плюс" гуфтааст, дар амалиёти боздошти ин қочоқбарон маъмурони милисаи ин ноҳия низ ширкат доштанд. Бино ба маълумоти ин манбаъ, аз мошини қочоқбарон тақрибан 80-85 кило канабис ёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG