Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи созишномаҳо ба поён мерасад



Мирзои Салимпур



Максим Пешков, сафири Русия дар Душанбе гуфт, Русияву Тоҷикистон таҳияи пешнависи ҳар се созишномаро дар бораи шароити ба пойгоҳи низомии Русия табдил додани артиши 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ба охир мерасонанд.

Максим Пешков гуфт, зарурати имзои ин се созишномаро шартномаи миёндавраии соли 1999 дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пеш овардааст. Вай афзуд, созишномаҳои ҷадид маҳалли истиқрор, ҳайъати нируҳо ва номгуи молу мулки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро мушаххас хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG