Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николай Бордюжа: "Дар масъалаи ҳимояи марзи Тоҷикистон мушкилӣ ҳамчунон боқист."



Соҷидаи Мирзо

Ба гуфтаи фармондеҳи олирутбаи рус, Тоҷикистону Русия то ҳануз натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд.

Николай Бордюжа - дабири кулли Созмони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ - ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Маскав изҳор дошт, ки масъалаи ҳамкориҳои марзии миёни Тоҷикистону Русия то ҳол бидуни ҳал боқӣ мондааст.

Николай Бордюжа гуфт, Тоҷикистон мехоҳад, баъзе имтиёзҳо ба даст орад, дар ҳоле, ки Русия дар садад аст, махориҷи худро дар ҳимояти марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон коҳиш диҳад. Оқои Бордюжа мехоҳад, нисфи махориҷи истиқрори нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистонро, ҷониби Тоҷикистон бар уҳда бигирад.

Ин суханони дабири кулли Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоле садо дод, ки 18-уми сентябри соли ҷорӣ Нуралишоҳ Назаров - муовини аввали раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки неруҳои сарҳадбони кишвар барои ҳимояи мустақилонаи марз омода шудаанд.

Николай Бордюжа - дабири кулли Созмони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ мегуяд, ки дар мавриди боқӣ мондани Неруҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ва ё хуруҷи онҳо аз ин кишвар бояд тасмими муштараки сиёсӣ гирифта шавад. Вай аз як су эътироф мекунад, ки Неруҳои марзбонии Русия то абад наметавонанд, дар Тоҷикистон бимонанд.

Аз суи дигар, аз изҳороти ҷониби Русия чунин бармеояд, ки он хостори хуруҷ аз Тоҷикистон нест ва илова бар ин мехоҳад, ки Тоҷикистон нисфи махориҷи буду боши ин нируҳоро бар уҳда бигирад.

Мушовири раиси ҷумҳури раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Суҳроб Шарифов, мегуяд, Русия хоҳад нахоҳад, Тоҷикистон марҳила ба марҳила ҳимояти марзҳои худро бар уҳда мегирад: "Марзи Тоҷикистонро бояд марзбонони тоҷик ҳимоя кунанд. То он даме, ки Тоҷикистон тавонад, худ бо қушунҳои худ сарҳадоти худро ҳимоя кунад, якчанд марҳиларо бояд гузарад. Ба фикри ман он созишномаҳое, ки имзо шудаанд ва мешаванд, комиссияҳо кор карда истодаанд, ин нуктаро дар назар доранд, яъне ки дар оянда Русия хоҳад нахоҳад, мо марзҳои худро мустақилона ҳимоя хоҳем кард. Ман дар гуфтаҳои генерал Назаров ягон мушкилӣ ё суханони эҳсосӣ намебинам ва он гуфтаҳоро тарафдорӣ низ мекунам."

Ахиран Андрей Николаев, раиси Кумитаи Дифоъи Думаи Давлатии Русия ва собиқ раиси хадамоти марзбонии ин кишвар дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, низомиёни рус омодаанд, аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шаванд. Аммо харҷи ҷой ба ҷойсозии ҳазорон афсар ва таъмини онҳо бо манзили зист бояд аз буҷаи Тоҷикистон пардохт шавад.

XS
SM
MD
LG