Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муносиботи қавмӣ дар Тоҷикистон хуб аст"



Нурмуҳаммади Холзода



Дар Тоҷикистон натиҷаҳои як назархоҳӣ, ки Бунёди иҷтимоъии "Панорама" дар бораи муносиботи байни миллатҳои сокини Тоҷикистон анҷом додааст, мунташир шуд. Дар назархоҳӣ 1 500 нафар ширкат кардаанд ва муносиботи миёни миллатҳои мухталифи сокини ин кишварро оддиву хуб арзёбӣ кардаанд.

Аксари назардодагон забони русиро забони муъоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон хондаанд. 60 дарсади ширкаткунандагон гуфтаанд, омузиши забони русӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик имкон медиҳад, ки дар Русия фаъолияти кории худро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG