Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши нархи орду нон дар вилояти Хатлон



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Як халтаи орди Қазоқистон дар ин ҷо аз 45 сомонии як моҳи пеш то 65 сомонӣ баланд рафтааст.

Қурби доллари амрикоӣ дар бозорҳои минтақаи Кулоб аз қурби расмии бонкӣ поин рафт. Ҳамакнун 1 доллари амрикоро дар куча бо қиммати 3 сомониву 5 дирам ва аз ин ҳам камтар метавон харидорӣ кард.

Дар ҳамин маврид, ғайри чашминтизор қиммати тамоми номгуи маводи хурокворӣ дар минтақа боло рафт. Акнун як кило орди тавлидоти Қазоқистон, ки ду руз пеш 90 дирам нарх дошт, 1 сомониву 15 дирам қимат дорад. Нархи як халтаи орди навъи аввал дар бозорҳои минтақа 65 сомонӣ гардид. Ин дар ҳолест, ки ҳамин ордро се руз қабл бо нархи 45 сомонӣ харидорӣ мекарданд.

Дар бастагӣ ба вазъ бозори нонфурушон коста гардид ва камбуди нону маҳсулоти ордӣ сахт ба чашм мехурад. Нонфурушон мегуянд, онҳо маҷбуранд, нархи онро баланд бардоранд ва ҳаҷми онро камтар кунанд: "Савдо суст шудааст. Нонҳо майдатар шудаанд. Мизоҷон норозианд, аз нонҳои мо. Аммо агар нонро майда накунем, хароҷотро намепушонад."

Дар минтақа усулан ду ноҳия - Данғараву Восеъ- аҳолиро бо гандум ва орди маҳаллӣ таъмин мекарданд.

Ноҳияи Восеъ дар мавсими тобистон 32 000 тонна гандум захира кард, ки тибқи омори расмӣ ба сари ҳар сокини ноҳия 213 кило мерасад. Аммо мардум мегуяд, ин ҳосилро сарватмандон саривақт харидорӣ карда, дар анборҳо нигоҳ медоранд, то дар фасли замистон бо қимати дучанду сечанд ба фуруш зананд. Тоҷироне, ки ба харидуфуруши маҳсулоти ғалла сару кор доранд, сабаби камии гандум ва болоравии қиммати ордро худ ҳам намедонанд ва мегуянд, ки "агар воридоти орду гандум ба минтақа беш гардад, мо ҳам нархи маҳсулоти ордиро поён мефарорем, то пештар онро ба фуруш занем."

Ноҳияи Данғара натанҳо аҳолии минтақа, балки бархе аз навоҳии тобеъи маркази кишварро ҳам дар собиқ бо гандум таъмин мекард. Аммо ҳосили имсоларо тоҷирон тули чанд ҳафта харидорӣ кардаанд ва камбуди маҳсулоти ғалладона дар ин ноҳия ҳам ба чашм мехурад.

XS
SM
MD
LG