Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе аз Тошканд гази бештар мехоҳад



Мирзои Салимпур



Як ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба хотири пешбурди музокирот дар масъалаи харидории гази Узбакистон аз Душанбе ба Тошканд рафт. Ин ҳайъатро вазири энержии кишвар Абдуллоҳ Ёров ва раиси ширкати гази Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров раҳбарӣ мекунанд.

Ҳадаф аз музокироти нави ин ҳайъат бо ширкатҳои "Узтрансгаз" ва "Узэнерго" эҷоди заминаи имзои қарордод дар бораи харидории гази Узбакистон барои таъмини ниёзҳои корхонаҷот ва аҳолии Тоҷикистон дар мавсими зимистон мебошад.

Тоҷикистон, бино ба ҳисоби ширкати гази ин кишвар, танҳо дар се моҳи боқимондаи соли ҷорӣ тақрибан ба 280 милён метри мукааби газ эҳтиёҷ дорад.

Аз аввали сол Тоҷикистон аз Узбакистон ба миқдори 355 милён метри мукааб газ харидааст.

XS
SM
MD
LG