Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 тонна тарёку ҳероину ҳашиш ёфт шудааст



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба иттилоъи ИТАР-ТАСС, марзбонони Руссия мустақар дар Тоҷикистон шоми рузи сешанбе дар посгоҳи марзии ноҳияи Маскав беш аз як тонна маводи мухаддир боздошт карданд. Ин миқдор маводи мухаддир дар як махфигоҳи куҳистонӣ пайдо шудааст, маҳале, ки ду ҳафта марзбонон зери назорат гирифта буданд. Аз ин махфигоҳ 929 кило тарёк, 11 кило ҳероин ва 19 кило ҳашиш ба даст омадааст.

Дафтари матбуъоии нируҳои марзбони Руссия гуфтааст, ин миқдор маводи мухаддир ба Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ, яке аз раҳбарони минтақаи Шаҳри Бузурги Афғонистон тааллуқ доштааст. Шаҳри Бузург минтақае дар ру ба руи ноҳияи Маскави Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG