Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе амрикоиҳоро ба Ҳейг намесупорад



Абдуқайюми Қайюмзод



Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо 62 раъйи мувофиқ ва як овози мухолиф Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико "Дар бораи супоридани ашхос ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ"-ро ба тасвиб расониданд.

Бар асоси ин созишнома, ки аз 7 банд иборат мебошад, акнун ходимон, кормандони низомӣ ва ашхоси дар гузашта ва ё дар ҳоли ҳозир соҳиби мансаби давлатӣ, ки ба ин ва ё он ҷиноёт, аз қабили генотсид, ҷиноят нисбати инсоният ва ҷиноёти дигари ҳарбӣ гумонбар дониста шудааст, бидуни ризояти яке аз тарафҳо барои тафтиш, таҳқиқ ва ё чораҷӯӣ ба ихтиёри Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дода намешаванд.

Шермуҳаммад Шоев, намояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон, ҳангоми тавзеҳи бандҳои созишнома ба вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ин созишнома ба меъёрҳои муқарраркардаи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ муғойират надорад.

Бар асоси ин созишнома, шаҳрвандони ҳар ду кишвар барои ҷавобгарии ҷиноӣ ба давлати саввум ва ё бо хоҳиши давлати саввум ҷиҳати муҳокима ва тафтиш ба Додгоҳи Байналмилалии Ҳейг супорида нахоҳанд шуд. Ҳамчунин дар банди панҷуми ин созишнома таъкид шудааст, ки ҳукуматҳо мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳақ доранд ҷиҳати таҳвил, таслим ва ихроҷи шаҳрвандони ҳар ду кишвар бо хоҳиши давлати саввум ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳамкорӣ накунанд.

Абдуллло Ҳабибов, вакили Маҷлиси Намояндагон, ба тасвиб расидани созишномаи мазкурро як иқдоми мусбат ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико арзёбӣ кард.

Созишномаи мазкур дар моҳи августи соли гузашта дар Душанбе аз тарафи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба имзо расида буд. Аммо ин созишнома танҳо замоне мадори эътибор хоҳад шуд, ки аз ҷониби парлумони Ийолоти Мутаҳида низ ба тасвиб бирасад.

XS
SM
MD
LG