Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марз боз ҳероин гирифтаанд



Искандари Хоҷамирзода



Шабонарузи гузашта марзбонони Русия дар минтақаи Маскави марзи Тоҷикистону Афғонистон беш 24 килограмм маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки ҳафт килограмми онро ҳероин ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти марзбонони Русия дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки се қочоқчӣ руди Панҷро убур намуданд. Вале ҳангоми боздошт ду нафари онҳо халтаҳои худро партофта, ба соҳили афғонӣ баргаштанд. Нафари сеюм бидуни муқовимат ба марзбонон таслим шудааст.

Марзбонони Русия мегуянд, ки дар амалиёти боздошт кормандони маҳаллии умури дохилӣ ширкат варзиданд. Маводи мухаддири мусодира шуда ба ситоди марзбонон интиқол дода шудааст.

Аз чору ним тонна маводи мухаддире, ки сар аз соли равон марзбонони Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мусодира кардаанд, аз се ду ҳиссаро ҳероин ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG