Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як машъали озодихоҳӣ аз ҷаҳон рафт



Раҳматкарими Давлат

Рузи сешанбе аҳли фарҳангу адаби Тоҷикистон бо Буринисо Бердиева видоъ намуд.

Рузи сешанбе фарҳангиён ва зиёиёни тоҷик бо Буринисо Бердиева, рузноманигор ва сардабири собиқи рузномаи "Маориф ва маданият" видоъ намуданд.

Буринисо Бердиева зани рушанфики тоҷик ва аз муборизони роҳи озодии миллӣ дар макотиби ҳунарӣ ва идории шуравии собиқ омузиш дид ва баъд ҳам дар системаи идории ин ҳукумат оғоз ба кор кард. Вале озодихоҳӣ ва ҳақиқатпарастии ин зани тоҷикро роҳбарони ҳизбӣ ва давлатӣ таҳаммул накарданд ва у аз кори ҳизбӣ ва ҳукуматӣ канор рафта ва сардабири рузномаи "Маориф ва маданият" таъйин мешавад.

Хонум Бердиева барои солҳои мутамодӣ роҳбарии ин нашрияро бар душ дошт. Буриносо Бердиева тули фаъолияташ ба унвони сардабири нашрияи мазкур чун як ҳомии рушанфикрони тоҷик ном баровард. У дар " Маориф ва маданият" умдатан рузноманигорон ва нависандагонеро ба кор ҷалб кард, ки бо ҳар баҳона ва бо иллати дигарандешиашон ва мухолифаташон бо низоми комунистии вақт аз дигар муассисоти давлатӣ аз кор ронда шуда буданд.

Буринисо Бердиева дар саҳафоти "Маориф ва маданият" ашъори мамнуъи шоирон ва нависандагонро нашр мекард, ки ҳамеша барои ин кор сазовори маломат аз ҷониби мақомоти ҳизби ҳоким буд. Хонум Бердиева барои аввалин бор дар таърихи навини матбуоти тоҷик ҷуръат кард ва Наврузро ба унвони ҷашни миллии тоҷикон муарифӣ намуд ва мардумро бо ин ҷашн табрик гуфт ва даъват барои таҷлили ин ҷашн намуд.

У саҳифаҳои "Маориф ва маданият"-ро дар ихтиёри адибоне қарор медод, ки низоми шуравӣ асарҳои онҳоро ба унвони аносири зиддикомунистӣ маҳкум мекард. У, вақте ки ҳизби комунист Сотим Улуғзода ва Ҷумъа Одинаро маҳкум кард, бо ин ду нафар имкон дод ба мунаққидони комунисти худ аз тариқи рузнома посух гуянд. Ба ин тартиб рузномаи "Маориф ва маданият" ба унвони рузномаи дисидентҳои тоҷик ном бароварда буд.

Хонум Бердиева дар замони режими комунистӣ дар матбуот ҷуръатеро аз худ нишон додааст, ки дар ҷомеаи имрузи демукросии Тоҷикистон кам касе аз рузноманигорони тоҷик метавонад мисоли уро такрор кунад.

XS
SM
MD
LG