Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Фаронса дар Душанбе боқӣ мемонанд



Мирзои Салимпур



Фаронса ширкаташ дар ҳайъати нируҳои ҳомии сулҳ ва дар эъмори баъдиҷангии Афғонистонро афзоиш медиҳад ва аз ин ру нируҳои низомии Фаронса дар Тоҷикистон барио муддати номуайяне боқӣ хоҳанд монд.

Заробуддин Сироҷов, сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, чунин тавофуқ дар музокироти ахири ҳайъатҳои низомии Тоҷикистону Фаронса дар Душанбе ба даст омад. Ҳайъати артиши Фаронсаро дар ин музокирот раиси бахши равобити хориҷии вазорати дифоъи он кишвар Мишел Массон раҳбарӣ мекард.

Феълан дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҳудуди 100 сарбози фаронсавӣ мустақар мебошанд. Онҳо машғули таъминоти техникии ҳамлу нақли он нируву колоянд, ки Фаронса аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад.

XS
SM
MD
LG