Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди мардикорон дар Русия афзудааст



Мирзои Салимпур



Абдулмаҷид Сурхаков, намояндаи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба хабаргузории Созмони Милал ИРИН гуфтааст, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия имсол дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан 10 дар сад афзудааст.

Бино ба омори расмӣ, то аввали соли ҷорӣ дар Русия 125 000 мардикор аз Тоҷикистон номнавис шудааст, аммо Абдулмаҷид Сурхаков мегуяд, теъдоди воқеъии муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба маротиб бештар буда, тақрибан ба ним милён нафар баробар меояд.

Ба гуфтаи оқои Сурхаков, сабаби чунин дугунагӣ байни омори расмиву воқеъӣ ин аст, ки ҳадди аксари мардикорони тоҷик аз роҳҳои ғайриқонунӣ вориди Русия шуда, ҳамин гуна ғайриқонунӣ дар ин ҷо кору иқомат мекунанд. Намояндаи вазорати кори Тоҷикистон дар Маскав мегуяд, муҳоҷирати ғайриқонунӣ заминаро барои суъиистифода аз нируи кори мардикорони тоҷик ва нақзи ҳуқуқи онҳо дар қаламрави Русия фароҳам меорад. Аммо у афзуд, умдатарин мушкил барои муҳоҷирони тоҷик ташдиди низоми сабти иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ва низоми молиётбандӣ дар ин кишвар аст, ки як мониаи бузурге дар роҳи пайдо кардани ҷойи кор аз ҷумла барои муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Бино ба ҳисобҳои маркази таҳлилии "Шарқ", танҳо тавассути бонкҳои Тоҷикистон дар соли гузашта ба ин кишвар аз ҳисоби муҳоҷиринаш дар кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 80 милён доллар ворид шудааст, ки баробар бо нисфи буҷаи давлатии Тоҷикистон аст. Ҳамин марказ меафзояд, ҷамъи маблағҳое, ки мардикорони тоҷик дар сол вориди кишвар мекунанд, аз 200 то 230 милён долларро ташкил медиҳад.

Абдулмаҷид Сурхаков мегуяд, дар ҳамин моҳи октябр ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия созишномаи дуҷониба дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро имзо мекунанд, ки хеле аз ин масоилро ҳалл хоҳад кард. Аммо ба ақидаи вай, як кори муҳиме, ки бояд сарфи назар аз ин ҳама анҷом шавад, ироаи маълумот ва донишҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирин аст, зеро бисёре аз мушкилоти ҷамъшуда дар ин ришта натиҷаи адами маърифати ҳуқуқист, ки муҳоҷиринро дар як кишвари бегона сари ҳар қадам метавонад ҳадафи суъиистифодаи гуруҳҳои ва ё афроди ғаразҷу қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG