Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон



Салими Аюбзод

вампҳвафҳв

Созмони Милали Муттаҳид ва Донишгоҳи сулҳ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, силсилаи нишастҳоро бахшида ба омӯзиши таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон шурӯъ карданд. Ин семинарҳо то охири моҳи октябр идома мекунанд. Валдемар Рокошевски аз дафтари сулҳофарини СМ дар Душанбе ба ИТАРТАСС гуфтааст, мақсад аз ин иқдом омӯзиши роҳи сулҳи Тоҷикистон ва баррасии таҳдидҳои эҳтимолӣ ба суботи сиёсӣ дар ҷомеъа аст. Ба гуфтаи ӯ дар нишастҳои Душанбе на танҳо коршиносони СМ, балки чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аз ширкати худ дар эҷоди сулҳи кишвар суханронӣ хоҳанд кард. Ба сурати умум дар онҳо 90 нафар маърӯза мекунад, ки дар байни онҳо собиқ аъзои кумисюни оштии миллӣ, собиқ фармондеҳон ва ходимони дин низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG