Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир дар Хатлон



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Додситонии вилоят мегуяд, доманаи тарғиботи ин созмон беш аз пеш тавсиъа ёфтааст.

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як шаҳрванди Узбакистон бо ҷурми даст доштан дар таблиғи ғояҳои Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт гардид. Тибқи иттилоъи расмии додситонии Хатлон, Саломатхон Вайсова, сокини Фарғонаи Узбакистон ғайриқонунӣ марзҳои кишварро убур карда, дар деҳоти узбакнишини Ёвон ба таблиғ ва паҳн намудани варақаву адабиёти ҳизби мазкур машғул будааст. Кормандони вазоратҳои қудратӣ як тан аз ҳамдастони уро, ки гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, низ боздошт карданд.

Варқа Зайниддинов, сухангуи додситонии вилояти Хатлон мегуяд: "Беков Бобомурод, сокини ноҳияи Ёвон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вайсова Саломатхон бошад, истиқоматкунандаи Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи ормонҳои ин ҳизби иртиҷоӣ ва ғайриқонунӣ аз ҷумҳурии Узбакистон марзҳоро убур карда, ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст."

Тибқи иттилоъи додситонӣ, замони ахир мубаллиғони Ҳизб-ут-Таҳрир дар Хатлон фаъол шудаанд. Кормандони вазоратҳои қудратӣ дар ҷануби устон, ноҳияи Маскав аз як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ варақаву адабиёти таблиғотии ин ҳизбро, ки гуфта мешавад, сокинони мавзеъро ба ҷиҳод алайҳи ҳукумат даъват мекарданд, кашф ва мусодира намуданд.

Додситонӣ мегуяд, Ҳизб-ут-Таҳрир усулан дар мавзеъҳои узбакнишини Хатлон фаъолтар аст ва аз ҷумла дар масҷиди ҷомеъи Қорӣ Мираҳмади ноҳияи Бохтар низ варақаҳои даъват ба ҷиҳоди ин ҳизб кашф гардиданд. Варқа Зайниддинов мегуяд: "Аз тарафи мақомоти вилояти Хатлон ҳолатҳои паҳн намудани варақаҳои ин ҳизби иртиҷоӣ дар бисёр мавзеъҳои вилоят ошкор карда шудаанд. Чунончи дар назди масҷиди Мираҳмади Бохтар ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар иншооти ноҳияи Маскав ҳам варақаҳои таблиғотӣ ёфта гирифта шуданд."

Ҳизб-ут-Таҳрир дар Хатлон аз мавҷудияти худ ҳануз охири солҳои навадуми асри бист дарак дода буд. Аммо то рузҳои наздик вазоратҳои қудратӣ сари фаъолияти ин ҳизб чодари хамушӣ мезаданд ва ба назар назар мерасид, ки Ҳизб-ут-Таҳрир танҳо дар шимол ва маркази кишвар фаъолият дорад.

Ҳамакнун додситонӣ мегуяд, ҳануз соли 1998 нахустин падидаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир дар Хатлон мушоҳида шудаанд. Соли 2001 танҳо дар ноҳияи Қубодиён фаъолони ин ҳизб Сайфуддинов, Маҳмадов, Болтаев ва чанди дигар боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ва ҳоло варақаҳои таблиғотии ин созмон аз минтақаи шарқи Қурғонтеппа ба ҷануб интиқол меёбанд. Ба назар мерасад, ки Ҳизб-ут-Таҳрир хатти машши фаъолияти худро тағйир дода, акнун дар байни аҳолии тоҷикзабони мавозеъи куҳистони Ховалингу Муъминобод ҳам бо паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ роҷеъ ба таҳияи як Хилофати исломӣ машғул шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳизб-ут-Таҳрир асосан аҳолии узбактабори устонро мавриди ташвиқу тарғиби ормонҳои худ қарор медод.

XS
SM
MD
LG