Пайвандҳои дастрасӣ

23 донишҷӯи тоҷик дар Бритониё



Салими Аюбзод

апиваиҳвима

Се хатмкунандаи макотиби олии Тоҷикистон таҳсили худро дар Бритониё идома медиҳанд ва бо ин сафи донишҷӯёни тоҷик дар коллеҷҳои Бритониё ба 23 нафар расид.

Сафорати Бритониё дар Душанбе гуфт, тибқи барномаи муштараки ҳукумати Бритониё ва Бунёди Оғохон харҷи сафар, зиндагӣ, таҳсил ва лавозимоти таҳсили ин 23 нафар пурра пардохта хоҳанд шуд.

Дар барнома донишҷуёне ширкат мекунанд, ки донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда бошанд ва касби ояндаи онҳо ба риштаҳои мавриди ниёзи кишвар дахл дошта бошад, монанди иқтисодиёт, идоракунӣ ва тиб.

XS
SM
MD
LG