Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи ним тонна ҳероин баррасӣ мешавад



Мирзонабии Холиқзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон 1 октябр мурофиаи парвандаи гуруҳи шашнафараеро, ки дар қочоқи беш аз 500 кило ҳероин мутаҳам дониста шудаанд, шуруъ намуд. Ин барои нахустин бор аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар таърихи худ парвандаи бо чунин миқдори бузурги қочоқи ҳероинро баррасӣ мекунад.

Дар толори мурофиа 6 нафар айбдоршаванда шоҳидон ва наздикони онҳо ҷамъ омаданд. Аммо додраси Додгоҳи Олӣ Анварҷон Аҳмадов, ки масъули баррасии парвандаи мазкур мебошад, мегуяд, дастандаркори аслии қочоқи ҳероин Оқил Мироқилов, милисаи шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Айнӣ, 120-километрии шимоли пойтахти кишвар, ҳануз дар озодӣ буда, дар маърази ҷустуҷуи кормандони амният қарор дорад. Корманди милиса Оқил Мироқилов мувофиқи маслиҳати пешакӣ бояд ин миқдори бузурги ҳероинро ҳамчун муҳофиз ба шаҳри Хуҷанд интиқол медод.

Бар асоси иттилоъи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, зимни як амалиёти кормандони амният ва умури дохилаи кишвар дар моҳи феврали соли 2003 дар манзили Нуруллоҳ Эгамов, сокини мавзеъи Анзоб, 75-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон, пинҳонгоҳи 340 кило ҳероин кашф карда шуд. Вале дар натиҷаи идомаи ҳамин амалиёт, пас аз интиқоли ҳаҷми умумии ҳероин аз манзили Эгамов Нуруллоҳ ба чойхонаи "Ветерок", он суи ағбаи Анзоб, ки ба ноҳияи Айнӣ тааллуқ дорад, беш аз 500 кило ҳероин кашфу мусодира шуд.

Оқои Аҳмадов, додраси Додгоҳи Олӣ меафзояд: "Феълан 6 нафар: Эҳром Файзиев, Шариф Сафаров, Махдумқул Ҳаитов, Диловар Саидов ва Фарҳод Аъзамқулов, ки ду тан аз онҳо муттахасиси соҳаи тиб мебошанд, дар курсии айбдорӣ нишастанд." Анварҷон Аҳмадов мегуяд, бархе аз шоҳидон сокинони ноҳияи Айнӣ мебошанд ва агар шоҳидон ба таври фаъол дар ҷараёни мурофиа ширкат кунанд, имкон дорад дар моҳҳои наздик муҳокимаи парвандаи ин шаш нафар анҷом ёбад ва айбдоршавандаҳоро ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Ва аммо роҷеъ ба ин суол, ки афроди мазкур дар интиқоли беш аз 500 кило ҳероин, фармоиши кадоме аз гуруҳҳои наркобаронро анҷом медод, Додгоҳи Олӣ аз посух худдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин миқдор ҳероин аз Хуҷанд ба Тошканд ва аз он ҷо бояд ба Русия интиқол дода мешуд.

XS
SM
MD
LG