Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили мол бо Туркия ру ба афзоиш аст



Абдуқайюми Қайюмзод



Гуруҳи кории комиссияи байниҳукуматии ҳамкориоҳи иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия якуми октябр дар Душанбе ба кори серузааш поён дод. Гуруҳи мазкур дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвари Тоҷикистону Туркияро дар риштаи иқтисоду саноат дар ҳошияи конфаронси байналмилалии сармоягузорони Бонки Исломии Рушд баррасӣ кардааст.

Анвар Латифов, корманди дафтари матбуоти вазорати иқтисоду савдои Тоҷикистон гуфт, гуруҳи корӣ чанд тарҳи нави созишномаҳоро барои баррасӣ ва имзо ба ҷаласаи комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркия омода кардааст. Оқои Латифов афзуд, дар ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия, ки қарор аст рузи 2 октябр ба кор шуруъ кунад, ҳамчунин дар назар аст як лоиҳаи созишнома дар бораи сиёсати ҳамоҳанг нисбати Иттиҳодияи Аврупо аз суи ҳукумати Туркия ба Тоҷикистон пешниҳод шавад. Бар пояи иттиллоъи вазорати иқтисоду савдои кишвар, Туркия аз кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуби иқтисодӣ дорад ва яке аз харидорони аслии алюминий ва пахтаи Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми табодули мол низ миёни Туркия ва Тоҷикистон сол то сол ру ба афзоиш будааст. Дар муқоиса бо соли гузашта, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ҳарду кишвар чизе бештар аз 128 милён доллар муҳосиба мешавад, вале танҳо дар зарфи ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин рақам то ба 143 милён доллар боло рафтааст.

Ҳайати комисияи ҳукуматии Туркияро дар ҷаласи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия вазири давлатии ин кишвар Маҳмуд Ойдин сарварӣ мекард.

XS
SM
MD
LG