Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Афғонистонро 20 000 кас гузаштааст



Мирзои Салимпур



Марзбонони рус мегуянд, аз аввали соли ҷорӣ тавассути марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 3 500 васоити нақлиёт ва зиёда аз 20 000 нафар убуру мурур кардаанд, ки аз ин шумора 13 600 нафараш шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС навишт, дар ин муддат дар марз бо Афғонистон наздик ба 200 нафар бо асноди тақаллубӣ дастгир шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 7 маротиба бештар аст. Аммо қочоқи маводи мухаддир тавассути гузаргоҳҳои расмии марзӣ дар 9 моҳи аввали сол назар ба соли гузашта 5 маротиба коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси Куимтаи марзбонии Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров рузи чоршанбе ба хабарнигорон гуфт, марзбонони рус бархе аз муқаррароти созишномаҳои имзошуда байни Тоҷикистону Русия дар масъалаи сарҳадро риоя намекунанд, аммо ҷониби Тоҷикистон бо ин вуҷуд ҳануз масъалаи ихроҷи нируҳои марзбонии Русия аз ин кишварро нагузоштааст. Ин хабарро ожонсии "Интерфакс" ба нашр додааст.

XS
SM
MD
LG