Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти раҳбарони роҳи оҳан шуруъ шуд



Раҳматкарими Давлат



Сивушашумин нишасти руасои роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ, Балтик ва Булғористон рузи сешанбе дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард. Дар ин нишаст масоили ҳамкорӣ ва ҳамгироии тарҳрезии барномаи ҳаракати қатораҳо барои солҳои 2004 - 2005, истифодаи дастаҷамъӣ аз вагонҳои боркаш, бозпардохти қарзҳои якдигар, таъмини амнияти интиқоли бор дар хатҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мешавад.

Анатолий Сиденко, раиси Шурои мудирони роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ гуфт, интиқоли бор аз тариқи роҳи оҳан назар ба соли гузашта 15 дасад афзоиш пайдо кардааст. У гуфт, роҳи оҳан дар маҳдудаи шуравии собиқ танҳо шабакаест, ки баъди пошхурии шуравӣ низ ҳифз шудааст. Вале дар замони шуравӣ, гуфт у, дар Осиёи Миёна ҳангоми ҷобаҷогузории сохтмони истгоҳҳо ва заводи таъмири вагонҳо манофеъ ва мавқеъи ҳамаи ҷумҳуриҳо дуруст ба ҳисоб гирифта нашуда буд ва ин ҳол имруз боиси эҷоди мушкилоти мухталиф дар роҳандозии дубораи имкониятҳои роҳи оҳан шудааст.

У гуфт: "Ба ҳисоб нагирифтани имконот ва манофеъи ҳар ҷумҳурӣ дар гузашта албата ба вазъи имрузаи роҳи оҳан ва қаторҳо таъсир гузоштааст. Базаи умумӣ вуҷуд надорад. Мо акнун барои сохтмони марказҳои таъмири қаторҳо ва соъири нукоти дигари муҳим оғоз кардаем. Аммо дар ин ҷода кор хуб пеш меравад. Ва масалан, мо ба ҳаракати қаторҳои боркаши Тоҷикистон ҳеҷ гуна эътирозе надорем. Ин қаторҳо ба стандарт ҷавоб мегуянд."

Дар нишасти Душанбе масъалаи азсаргирии ҳаракати қатор дар хати Душанбе - Маскав ва ифтитоҳи як масири нав то шаҳри Новосибирски Русия низ баррасӣ хоҳад шуд. Оқои Сиденко дар ин бора гуфт, дар сурати мутобиқ шудани қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини амният ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир ҳаракати қаторҳо ба самтҳои мухталиф аз сар гирифта мешавад.

Гуфтанист, ки дар натиҷаи пошхурии шуравии собиқ ва тақсими базаи роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон танҳо 2000 вагони куҳна ва фарсуда ихтисос ёфт, ки акнун идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро бо мушкилоти фаровон рубару кардааст. Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон аз созмонҳои роҳи оҳани дигар кишварҳо ҳудуди 26 милён доллар қарздор мебошад.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран ба нияти роҳандозии дубораи ҳаракати қаторҳо ба маблағи 1 700 000 доллар 30 вагон аз Литва харидорӣ кардааст. Тоҷикистон дар маҷмуъ ба дарозии 617 километр роҳи оҳан дорад.

XS
SM
MD
LG