Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳолдинги 200-милёндолларӣ таъсис меёбад



Мирзои Салимпур



Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегуяд, дар анҷумани гузаштаи сармоягузорон ва кумакрасонҳои Тоҷикистон, ки бо ибтикори Бонки Исломии Рушд доир гардид, қарор шуд, дар Тоҷикистон як ҳолдинги сармоягузорӣ бо 200 милён доллар сармояи бунёдӣ ташкил шавад.

Хабаргузории "Азия Плюс", ношири ин хабар меафзояд, сармоягузорони Бонки Исломӣ аз ҷумла ба ду тарҳи бунёди як меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳри Душанбе ва сохтмони корхонаи сементбарорӣ таваҷҷуҳ нишон додаанд. Пас аз сафар ба ниругоҳи Норак ва маҳалли сохтмони ниругоҳи Роғун иштирокдорони ин анҷуман ба риштаи энержии иқтисоди Тоҷикистон низ мароқ зоҳир кардаанд.

Ҳамчунин миёни вазорати иқтисоди Тоҷикистон ва Бонки Исломӣ як қарордод имзо шудааст, ки бар асоси он Бонки Исломии Рушд ба ин вазорат кумакҳои фаннӣ ироа хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG