Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фрунзе ба Фирдавсӣ тағйири ном кард



Мирзои Салимпур



Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар охирин иҷлосияаш қарор кард, ки ноҳияи Фрунзеи пойтахт ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Марказӣ ба исми Абуалӣ Ибни Сино номгузорӣ шаванд.

Як мавзуъи дигари баррасӣ дар ин иҷлосия омодагии ниҳодҳои шаҳрдорӣ ба мавсими зимистон буд.

Таври маълум, нахустин боришоти зимистони соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон мунҷар ба бурузи як буҳрони шадиди энержӣ ва нақлиётӣ шуда буд ва дар пайи он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов чанд мақоми давлатӣ, аз ҷумла муовини сарвазир Фаридун Муҳиддиновро аз вазифа барканор намуд.

XS
SM
MD
LG