Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи ду қонуни нав ба парлумон ироа шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҳукумати Тоҷикистон ду тарҳи қонуни нав - қонуни оид ба амнияти саноатӣ дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок ва қонун дар бораи гардиши маводи таркандаи таъиноти мулкиро барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод кард.Ин барои нахустин бор аст, ки Тоҷикистон мехоҳад чунин қонунҳоро қабул кунад.

Аюб Алиев, раиси Кумитаи назорати давлатии амнияти кор дар саноат ва соҳаи маъдани Тоҷикистон, ки лоиҳаҳои мазкурро ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, гуфт, то ҳоли ҳозир фаъолияти Кумита дар ин самт дар асоси муқаррароти замони шуравии роҳандозӣ мешуд.

Оқои Алиев афзуд, ин лоиҳаҳо дар заминаи "Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди терроризм", ки соле пеш қабул шуда буд, таҳия шуда, яке аз аҳдофи асосии он зери назорати комил ва ҳаматарафаи ниҳодҳои зидахл қарор додани гардиши маводи тарканда мебошад, то ин ки террористон ва ё ашхоси ҳаводор ба онҳо бо истифода аз ин мавод натавонанд даст ба ҷиноёт зананд. Ҳамчунин қавонини мазкур фаъолияти корхонаҷоти тавлидкунандаи маводи тарканда ва амнияти иншоотҳои истифодакунанда аз ин маводро аз лиҳози ҳуқуқӣ дар шароити феълӣ ба танзим медарорад.

Аюб Алиев ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат омодагӣ мегирад ва як сабаби дигари таҳияи лоиҳаҳои мазкур ва пешниҳоди онҳо ба баррасии Маҷлиси Намояндагон мутобиқсозии қавонини соҳавии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG