Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе меояд



Мирзои Салимпур



Бино ба хабари "Азия Плюс", имруз муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ Шигео Катсу дар раъси як ҳаъати бонки мазкур Душанбе меояд. Шигео Катсу, ки дар ин мақом Йоҳаннес Линнро иваз кардааст, бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот намуда, ҳамчунин аз навоҳии Қумсангиру Рудакӣ, Ленини собиқ ва аз вилояти Бадахшон дидан хоҳад кард.

Дар Бадахшон сафари оқои Катсу ба кули Сарез ва маҳалли сохтмони ниругоҳи Помир-1 дар назар аст. Идомаи сохтмони ин ниругоҳро аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ низ маблағгузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG