Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмонов ба Маҷмаъи Кулл меравад



Мирзои Салимпур



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имруз барои ширкат дар ҷаласоти Маҷмаъи Кулли СМ ба Ню-Йорк меравад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмонов дар Маҷмаъи Кулл суханронӣ ва дар як ҷаласаи СМ раисӣ кунад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ҷаласоти СМ дидор ва гуфтугуҳои оқои Раҳмонов бо дабири кулли СМ Куфӣ Анон ва муовинони у Хосе Антонио Окампо ва Анварул Чодхурӣ дар назар аст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар Ню-Йорк бо раисиҷумҳури Муғулистон Натсагийн Багабанди, бо Ҷорҷ Сорос ва бо аъзои Кумитаи миллии сиёсати хориҷии Амрико мулоқот хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба ожонсии "Азия Плюс" гуфт, мулоқоти президент Раҳмонов бо тоҷикони муқими Амрико низ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG