Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Искандари Хатлонӣ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Оё дар зодгоҳаш ба Искандар чӣ гуна арҷ мегузоранд?

Се сол муқаддам, рузи панҷшанбеи 28 сентябр, аз мавзеъи куҳдомани Кулоб тобути Искандари Хатлонӣ баланд гардид, то соате ба баъд дар Мазори Ғарибони шаҳри Кулоб ҷисми шоири шаҳирро абадан аз мухлисину муштоқон ва наздикону пайвандон ҷудо намояд.

Искандари Хатлонӣ ҳамонгуна, ки худ мегуфт, дар ғарибӣ, дур аз Ватан кушта гардид:

"Худоё беватан мемирам охир, Ва бе гӯру кафан мемирам охир. Агарчи ваҳдати ҷону дилам ҳаст, Парешонҷону тан мемирам охир..."

Аз он руз се сол сипарӣ гардид, аммо на Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон, на дигар дастандаркорони фарҳанги устону минтақа дар бастагӣ ба бузургдошти шоири тоҷик ба истилоҳ хасеро болои хасе нагузоштаанд. Ваъдаи нашри китобу маҷмуъаҳои Искандар, ки сари ҷанозагоҳ садо доданд, ҳамонгуна ваъдаи хушк боқӣ монданд. Марқади шоирро дар Мазори Ғарибон, пас аз интизории тулонӣ, волидайну бародаронаш обод карданд...

Ва аммо Искандари Хатлонӣ тули ин солҳо аз мадди назари мухлисин дур нагардид, балки баракс то ҳол дар суру маъракаҳо сурудҳои у садо медиҳанд ва бо ашъори шоир мардум модарони худро табрик мегуянд. Ва аммо ҷои худи Искандар дар ин маҳфилҳо холист.

Абдулҳамиди Самад, нависанда мегуяд: "Ташбеҳу ибораҳои тозаи тамоман халқии ба қаламрави Хатлон хосро дар шеъри у мо фаровон меёфтем ва инсони бисёр зариф буд."

Нозирҷон Ёдгорӣ, дусти шоир мегуяд, Искандар як пайки васлати ашъори се сарзамини порсизабон буд: "Як шоире буд, ки шеъри советии тоҷик мегуфтанд-ку, ҳаминро бо шеъри Эрон пайваст кард."

Ҳабибулло Ёров, ки дар собиқ дар Афгонистон бо Искандар ҳамкорӣ доштааст, мегуяд, дар ин сарзамин Хатлонӣ маъруфтар буд, ки дар Ватан: "Эҷодиёти Искандари Хатлонӣ ба он дараҷа қобили қабул буд барои мардуми афғон, ки рости гап худи мо - рафиқони тоҷик уро ба ин дараҷа эҳсос намекардем ва дарк намекардем." Искандари Хатлонӣ худ ҳам қаблан дар як суҳбат аз маҳбубияти мардуми Афғонистон ба ашъори хеш арзи сипос кардааст: "Ва ҷои бисёр ифтихор аст, барои ман ки худобиомурз устод Салими Сармаст, яке аз шеъри маро хуш карданд, ва бар у оҳанг ҷур карданд ва у оҳангро хонум Маҳваш сароидаанд." Сокинони мавзеъ мегуянд, ҳар субҳи содиқ дар куҳдомани Кулоб нолаи модари Искандар ба гуш мерасад, ки шеъри маъруфи шоирро андаке тағйир дода месарояд:

Хуршеди Ховар ояд, Як села кафтар ояд, Дар тоқияш сияҳгуш, Искандар аз дар ояд!

XS
SM
MD
LG