Пайвандҳои дастрасӣ

Ахбори фарҳангии ин ҳафта



Раҳматкарими Давлат



Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба се тан аз адибони тоҷик унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон Ҷҳдо шуд. Шоирон Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ ва Камол Насруллоҳ ба ин унвон сазовор донист шудааанд.

Рузи 22 сентябр дар саросари Тоҷикистон ба унвони Рузи Рудакӣ таҷлил шуд. Ин руз ҳамасола ба ифтихори саромади забон ва адабиёти форсӣ ё тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рудакӣ дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат инчунин рузи панҷшанбе дар Академияи илмҳои Тоҷикистон симпозиуми илмие таҳти унвони "Нақши Рудакӣ дар таърихи адабиёти форсӣ" баргузор гардид. Ҳадаф аз ин иқдомот омузиши бештари забон, адабиёт ва таърихи аҳди Рудакӣ, ба хусус таҳқиқи ҳарҷонибаи осори у мебошад.

Даври ниҳоии озмуни театрҳои халқии Тоҷикистон ба поён расид. Театри халқии ноҳияи Рудакӣ ё собиқ Ленин барандаи ин озмун эълон шуд. Театри шаҳри Қурғонтеппа ҷои дуввум ва театри ноҳияи Тавилдара сазовори севум дониста шудааст. Озмуни театрҳои халқии Тоҷикистон бори аввал аст, ки баргузор мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ҳафтаи намоиши филмҳои чиноӣ оғоз гардид. Дар тули ҳафта дар хонаи синомагарони Тоҷикистон офаридаҳои синамогарони чиноӣ ба наоиш гузошта мешаванд. Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон ҳафтаи намоиш ва муарифии филмҳои чиноӣ баргузор мегардад. Академик Раҳим Масов, раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон аз бозёфти ҳафриётшиносони тоҷик хабар дод. Ба гуфтаи у, дар натиҷаи ковиш дар як минтақаи шаҳри Душанбе як хуме ба андозаи як метр пайдо шудааст, ки бостоншиносон онро ба давраи Кушониён мансуб донистаанд. Бостоншиносон ҳафриёти худро дар ин минтақа идома медиҳанд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муассисаи давлатии сафари ҳунарии "Базморо" таъсис шудааст. Мақсад аз таъсиси ин муасиса ба низом даровардани фаъолияти ансамблҳо ва гуруҳҳои ғайридавлатӣ, назорат ва кумак намудан дар таҳияи барномаҳои ин гуруҳҳо ва баланд бардоштани маҳорати ин дастаҳо ва ба ин тартиб ривоҷу раванқи ҳунари миллӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG