Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи нируҳои зудамали САД хоҳад афзуд



Мирзои Салимпур



Хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, мумкин аст шумораи ҷузвутомҳои низомии Нируҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ду маротиба афзуда шавад.

Ин нируҳои муштарак дар ҳайъати Созморни Амнияти Дастаҷамъӣ ташкил шудаанд ва қарори тавсиъаи ҳайъати онҳро низ бояд Шурои ин созмон ва Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви он моҳи декабр содир кунанд.

Генерал Василий Завгородний, муовини аввали ситоди муттаҳидаи Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ба ИТАР-ТАСС гуфт, тавофуқи усулӣ дар ин бора чанд руз пеш дар нишасти раҳбарони ситодҳои кулли нируҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин созмон ба даст омад.

Нируҳои зудамали муштаракро 4 кишвар - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ихтисоси як баталйон аз ҳар кадоми ин кишварҳо ташкил додаанд. Акнун қарор аст сафи ин нируҳо ба 9 баталйон расонида шавад. Тоҷикистон, аз ҷумла, барои эъзоми 3 баталйон ба ҳайъати ин нируҳо изҳори омодагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG