Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содироти нируи барқ ба Русия қатъ мешавад



Мирзои Салимпур



Муовини вазири энержии Тоҷикистон Ҳусейн Алиев ба ожонсии "Азия Плюс" гуфт, аз 1 ноябр содироти нируи барқи Тоҷикистон ба Русия қатъ мешавад. Ба гуфтаи Ҳусейн Алиев, аз 20 август то имруз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 200 милён киловатт-соат нируи барқ содир кардааст.

Муовини вазири энержӣ афзуд, содироти нируи барқ ба Русия аз моҳи апрели соли оянда аз сар гирифта хоҳад шуд. Қарори қатъи интиқоли нируи барқи Тоҷикистон ба Русия ба иллати пойин рафтани сатҳи об дар обанбори ниругоҳи Норак гирифта шуд.

Қарордод дар бораи харидуфуруши нируи барқ байни Тоҷикистону Русияро ширкати "Барқи Тоҷик" бо ширкати русии "Интер РАО ЕЭС" имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG