Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони роҳи оҳан дар Душанбе гирд меоянд



Мирзои Салимпур



Рузи ҷумъа дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии раҳбарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор мешавад.

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон менависад, дар ин ҷаласа сиёсати таъаруфаҳо ва ҷадвали ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан дар қаламрави ин Иттиҳод, ҳамчунин масоили марбут ба таъмини амнияти бору коло ба ҳангоми ҳамлу нақл баррасӣ мешаванд.

Қарор аст, ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст мавзуъи шуруъи дубораи ҳаракати қаторҳояш дар масири Душанбе - Маскав ва ифтитоҳи масири нави Душанбе - Новосибирскро матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG